Диктатураи пролетариат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Диктарураи пролетариат''' — ба даст овардани ҳамон ҳокимияти сиёсие, ки имконияти пахш наму...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Диктарураи пролетариат''' — ба даст овардани ҳамон [[Ҳокимияти сиёсӣ|ҳокимияти сиёсие]], ки имконияти пахш намудани муқовимати ҳар гуна эксплуататоронро ба миён меорад.

== Мафҳум ==
Мафҳуми «диктатураи пролетариат» дар миёнаи асри ХIХ барои ифодаи режими сиёсие пайдо шудааст, ки манфиатҳои синфи коргаррро таxассум менамуд. Мафҳуми мазкурро бори аввал К. Маркс дар асари «Муборизаи синфӣ дар Франсия аз соли 1848 то соли 1850» дар маънои аслаш истифода намудааст. Асосгузорони марксизм дар Манифести Партияи коммунистӣ асосҳои таълимот дар бораи диктатураи пролетариатро бунёд намудаанд. «. . . Қадами аввалин дар револютсияи коргарӣ,- навиштаанд Маркс ва Энгелс,- ба синфи ҳукмрон мубаддал шудани пролетариат, ба даст овардани демократия мебошад. Пролетариат ҳукмронии сиёсии худро барои он истифода менамояд, ки аз дасти буржуазия тамоми капиталро кашида гирад, тамоми олатҳои меҳнатро ба ихтиёри давлат диҳад, xамъи қувваҳои истеҳсолкунандаро то ҳадди имкон зудтар зиёд кунад».
 
К. Маркс дар Мактуб ба И. Вейдемер (5 марти соли 1852) изҳор доштааст, ки муборизаи сиёсӣ ҳатман ба диктатураи пролетариат оварда мерасонад ва ин диктатура фақат гузариш ба нобудсозии ҳар гуна синф ва xомеаи бесинф мебошад.