Талабхӯҷа Сатторов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 28:
}}
'''Талабхӯҷа Сатторов''', ё '''Талабшоҳи Саттор''' (1953 - [[10 апрел]] [[2007]]) — [[оҳангсоз]], Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ([[1966]]), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад ([[1990]]), [[профессор]] ([[2000]]), собиқ раиси [[Иттифоқи комрозиторони Тоҷикистон]] ва раиси нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон ([[2003]] - [[2007]]) буд.
==Зиндагинома==
Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи [[Кӯлоб]], дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст.
Хатмкардаи Консерваторияии давлатии [[Маскав]] ба номи Петр Чайковский ([[1983]]), Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1983 - 1984) шурӯъ кардааст. Сипас ассистенти кафедраи оҳангсозии Консерваторияи давлатии Маскав ([[1984]]-[[1986]]), муҳаррири шӯъбаи мусиқии [[Телевизиони Тоҷикистон]] ([[1986]] - [[1989]]), муаллим, декани факулта ва ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]]и Душанбе ([[1983]] - [[2003]]) буд. Ӯ соли [[1998]] раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Шурӯъ аз соли [[2003]] муассис ва то охирин зарби қалб ([[2007]]) Талабхӯҷа Сатторов раиси (ректори) нахустини [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] буд. Ӯ [[10 апрел]] [[2007]] дар ш. Душанбе вафот кардааст.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, . - сС.171-180</ref>
==Эҷодиёт==
Нахустин асарҳои худро Талабхӯҷа Сатторов дар нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта эҷод намудааст. Баъди хатми Консерваторияи шаҳри Маскав (соли 1983) асарҳои эҷоднамудаи ин оҳангсози мумтоз мазмуни баландтару ҷолибтареро касб намуданд.
Сатри 37:
Ҳамкории Талабхӯҷа Сатторов бо театр дар эҷодиёти ӯ як давраи наверо кушод. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ буд, ки ин оҳангсози маъруф дар жанрҳои гуногун барои солистон, хор ва оркестри симфонӣ кантата ва сурудҳо эҷод намуд.
Тамоми офаридаҳои Талабхӯҷа Сатторов бо як ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сиришта шудаанд. Дар мавриди шунидани оҳангҳои ӯ рӯҳи муборизону баҳодурони бовиқори тоҷик Рустаму Сӯҳроб, Темурмалик ва Восеъи қаҳрамон пеши назарҳо ҷилвагар мегардад.
Операи «Рустам ва Сӯҳроб» асари калонҳаҷми саҳнавӣ буда, баҳри дар олами мусиқӣ зинда намудани ёди қаҳрамонони халқи тоҷик ва корномаҳои онҳо як кӯшиш ва қадами устувори бастакор буд[2].
Дар ҳақиқат, оҳангу сурудҳои халқӣ дар эҷодиёти Талабхӯҷа Сатторов ҷои махсусро ишғол мекунад. «Дарё, ки калон шавад», «О дил, о дил», «Нолаҳо аз ёлаҳо» дар такмили ин оҳангсоз ва дар иҷрои хор боз ҳам дилошӯбу хӯшнаво гаштаанд.
Ӯ [[оҳангсоз]]и заҳматталаб буду ҳамқадами замон ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷодӣ. Кантатаи «Арсаи ваҳдат», балладаи «Гули бодом», «Ҷони мо, эй Тоҷикистон», «Иттиҳод» ва монанди инҳо аз кӯшишу ҷустуҷӯҳои ин марди ҳунар баҳри дар дили ҳар як шаҳрванд бедор намудани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дарак медиҳад.
Сатри 56:
* [http://ozodi.org/news/2007/04/11.html#50adf774-bada-4c4a-bb29-f02b68418faa Даргузашти Талабхӯҷа Сатторов]
* [http://www.bbc.co.uk/persian/tajikistan/story/2007/04/070411_d_rm-talabshah_sattar_cyr.shtml Даргузашти Талабшоҳи Саттор, оҳангсози тоҷик]
== СарчашмаМанбаъ ==
<references/>