Дев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Офаридаи афсонаӣ}} '''Дев''' — персонажи манфии афсонаву қиссаҳои тоҷикӣ буда, яке аз намодҳо...
 
No edit summary
Сатри 1:
{{Офаридаи афсонаӣ}}
'''Дев''' ({{lang-fa|دیو}}) — персонажи манфии [[афсона]]ву қиссаҳои тоҷикӣ буда, яке аз намодҳои қадимтарин дар асотири Эрони бостон мебошад.
== Дар Авесто ==
Дев дар Авесто дар шакли даева омада, аз офаридагон ва дастёрони [[Аҳриман]] аст, ки бар зидди офаридагони аҳуроӣ кор мебаранд. Ҳар яке аз девҳо вазифа ва номи муайяне доштанд, ки дар Авесто ва сарчашмаҳои паҳлавӣ зиёд зикр шудаанд. Девҳо дар замонҳои хеле қадим дар тасаввуроти мардуми ҳиндуориёӣ гурӯҳе аз худоён буданд, ки парастиш мешуданд. Баъдтар дар таълимоти зардуштӣ онҳо ҳамчун худоёни баду зиёнрасон, яъне офаридаҳои Аҳриман шинохта шуданд. Дар бисёр забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ якчанд вожаҳоро дучор мешавем, ки аз ҳамин решаи даева сар задаанд. Чунончи, дар забони ҳиндӣ – дева, дар лотинӣ деус ба маънои «худо», дар юнонӣ Зеус/Зевс, дар арманӣ – деутс, дар франсавӣ дийу, дар ирландии бостонӣ – диа, дар олмонии қадим – тейва, дар литовӣ – дивас, дар исландии бостонӣ – тивар, дар англисӣ деити ба маънои «худо» ва «худоён» омадаанд. Калимаҳои русии дявол, англисии дэвл, олмонии тойфел ва чанде дигар ба маънои «шайтон» аз решаи мазкур мебошанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Дев"