Девон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7:
Дар байни мардуми ориёӣ унсурҳои аввалини девонсолорӣ дар замони Ҳахоманишиён ба миён омада, дар замони Анушервони Сосонӣ ба сурати комил даромад, вале доир ба теъдоди девонҳо ва салоҳияти онҳо маълумотҳо хеле каманд. Вале аз ҷониби дигар дар замони сосониҳо чанд муҳри мухталиф барои дабирхона, маҳкамаи ҷиноӣ, аттои мансабҳо, умури молия ва ғ. вуҷуд дошт ва метавонем бигӯем, ки ба ҳамин андоза ё бештар девон вуҷуд доштаст.
 
Арабҳо нахустин бор дар замони халифаи дуввум Умар (хил. 634-644) ба тақлид аз Эрон ва бо раҳнамоии як тан аз марзбонони эронитабор Ҳурмузон ба танзими девон пардохтанд. Ба қавли ибни Тиқтақӣ ва Балозурӣ сабаби таъсиси девон дар замони Умар моли фаровоне буд, ки аз кишварҳои истилогардида махсусан аз Баҳрайн ба Мадина оварда шуда буд ва халифа дар сабт ва тақсими ин амвол дар байни низомиён мутаҳайир буд. Иттифоқан яке аз бузургони форсро бо номи Ҳурмузон ба Мадина оварда буданд, ки мусалмон шуда буд ва чун ҳайрати Умар дар тақсими амвол мушоҳида кард, гуфт: Ё амиралмӯъминин акосира (ҷ. кисроКисро, лақаби Анушерон аст, вале акосира авлодони ӯро мегуфтанд, яъне шоҳони сосониро)-ро дафтаре аст, ки онро девон гӯянд ва ҳамаи дахл ва харҷи эшон дар он ҷо навишта бошад. Халифа Умар моҳити девонро аз ӯ пурсид, пас бифармуд то девоне таъсис намоянд.
 
=== Дар аҳди умар ===
Дар аҳди Умар ва баъд аз ӯ девонҳо дар шаҳрҳои Эрон ба забони паҳлавӣ ва дар навоҳии Шом ба забони юнонӣ ва дар Миср ба забони қибтӣ ва юнонӣ амал карда, тавассути ғайримусалмонон идора мешуданд. Баъдан бо густариши забткориҳои араб девонҳо дар Куфа ва Басра падид омаданд ва девони хироҷ чунонки дар замони сосониён ва румиён маъмул буд, бо шеваи кории онҳо падид омад. Дар замони Муовия девонҳои дигар чун Девони хотам (дафтари махсуси муҳри хилофат), Девони барид (дафтари мансабҳо) таъсис ёфт. Дар замони Абдумалики Марвон –халифаи уммавӣ девони Ироқ аз форсӣ ба арабӣ даромад. Дар аҳди Аббосиён девони расоил ба вуҷуд омад, ки баъдан девони иншо номида шуд. Бо зиёд гардидани мукотиботи идорӣ, номаҳои ташрифотӣ, ки ба амирон ва султонҳои атроф навишта мешуд, девони иншо, ки нахуст таҳти назорати вазир буд, тадриҷан мустақил шуд. Дар даврони хилофат девонҳои дигар ба монанди девони Зиёъ (д.-идевони амлоки халифа), девони аҳшом (д.-идевони хидматкорони дарбор), девони зимом, (д.-идевони бозрасӣ) ва девони мазолим (д.-идевони расидагӣ ба шикояти мардум аз доираҳои ҳукмрон) ба вуҷуд омад. Ҳамчунин дар ин давра девони тавқеъ, ки ба муҳосиботи ҳокимон назорат дошт ва девони албар, ки Алӣ ибни Муссо –вазири бузурги аббосӣ онро таъсис кард ва назорат бар амволи вақф дошт, ба вуҷуд омад.
 
=== Дар аҳди Сомониён ===
Дар аҳди Сомониён ташкилоти девонн зери назари вазири бузург қарор дошт, ба унвони Ҳоҷибу-л-ҳуҷҷоб ё худ Ҳоҷиби бузург зикр гардидааст. Муҳаммади Наршахӣ иттилоъ додааст, ки дар замони ҳукумати Насри Сомонӣ (914-943) дар майдони Регистони Бухоро барои девонҳо даҳ бино сохта шуд:
 
# девони вазир
1. девонни вазир, 2. девонни муставфӣ, 3. девонни амиду-л-мулк, 4. девонни соҳиби амид, 5. девонни соҳибшурта, 6. девонни мӯҳтасиб, 7. девонни мушриф, 8. девонни авқоф, 9. девонни қазо, 10. девонни мамликаи хос иборат буд.
# девони муставфид
# девони амиду-л-мулк
# девони соҳиби амид
# девони соҳибшурта
# девонни муҳтасиб
# девони мушриф
# девони авқоф
# девони қазо
# девони мамликаи хос
 
Забони коргузории девонҳои Сомониён форсии дарӣ буд, аммо номаву хабарҳои расмии дастгоҳи идории Бухоро ба арабӣ иншо мешуд. Ин сохтори девонӣ, ки аз ҷониби Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ таъсис дода шуда буд, баъд аз сомониён дар замони Ғазнавиён, Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён идома ёфт ва то аҳди муғул ҳамчунон маҳфуз буд.

Дар замони муғулон соҳибдевон раиси кулли ташкилоти девонӣ буда ва гоҳ муродифи вазир ба шумор мерафт. Дар давраи темуриён девон ба маънии маҷлис, машаварат, маҳкама ва дафтари идора ва дар давраҳои бадӣ девон ва девонхона ба маънии макони расмии идораи кишвар ба кор мерафт.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Девон"