Абдусалом Мирализода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Абдусалом Мирализода''' (''Мирализода Абдусалом Мустафо'', 22 марти 1961, деҳаи Баҳористони ...
 
No edit summary
Сатри 2:
 
== Зиндагинома ==
Мирализода Абдусалом Мустафо 22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.
 
== Фаъолияти корӣ ==
Лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988); муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (соли 1988); раиси Иттифоқи касабаи муаллимон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (солҳои 1988-1992); мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (солҳои 1992-1994); аспиранти ДДТ (солҳои 1994-1997); мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДМТ (солҳои 1995-2004); декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (солҳои 2004-2006); мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011); сардори раёсати таълими ДМТ (соли 2011); муовини аввал, муовини ректор дар бахши таълими ДМТ (аз соли 2012 то 15.08.2017).
 
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2017 директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин карда шуд<ref>{{Cite web|url=http://kgu.tj/donishgo-i-mo/rohbariyati-donishgoh/rektor.php|title=Ректор {{!}} КГУ-TJ|website=kgu.tj|accessdate=2020-08-24}}</ref>.