Фарқият байни намунаҳои "Фаттоҳ Одина"

(→‎Эҷодиёт: илова)
 
== Эҷодиёт ==
Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли [[1966]] аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. Фаттоҳ Одина беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки сарояндагони машҳур [[Аҳмад Зоҳир]], [[Нигина Рауфова]], [[Мастона Эргашева]], [[Нуқра Раҳматова]], [[Майсара Дилдорова]], Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, [[Сурайё Қосимова]], [[Тоҷиддин Муҳиддинов]] ва диг. сурудҳои ӯро иҷро намудаанд. Инчунин Фаттоҳ Одина ба чандин кинофилмҳо мусиқӣ навиштааст, аз ҷумла, ба филмҳои ҳунарии «Хиёнат», «Қасос», «Хати парвоз», «Сандуқ барои арӯс» ва ғ. Мусиқии Фаттоҳ Одина заминаи халқӣ дошта, имрӯз дар Тоҷикистон машҳур аст.
Бо таъсисёбии [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] (2003) профессори фахрии мактаби олӣ интихоб гардид. Ҳамчун аъзои шӯрои олимони Консерватория дар ҳаёти он фаъолона ширкат варзидааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 274-275. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
 
=== Сурудҳо ===