Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
→‎Таърих: editing a Persian spelling
Сатри 76:
Ин шаҳр дар садаҳои миёна [[Шумон]] (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст.
 
Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” ({{lang-fa|'''حصار'''}}) арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” ({{lang-fa|'''قلعقلعه'''}})аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри [[Шумон]] аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “[[Ҳисори Шодмон]]”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи [[8 сентябр]]и [[1907]] вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду [[кӯҳ]] барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба [[қалъаи Душанбе]] кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас [[Душанбе]] тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
 
Аз рӯи харитаи тартибдодаи хонуми инглисзабон Г. Юля (нусхаи аккосии Осорхонаи Луври Порис, 1914,д.16Қ.p 46) тарҳи тамоми хонаву иншоотҳои маъмурӣ, кӯчаву мадрасаҳо ва қӯрғони шаҳри Ҳисору қаламрави онро муайян кардан мумкин аст. Ин ягона ва нодиртарин маълумотномаест барои сайёҳону меҳмонон, зеро ки дар он [[Масҷиди Сангин]], мазори Халифа Шаҳид, [[мақбараи Махдуми Аъзам]], мазорҳои Сиёҳпӯши Валӣ, Холид ибни Валид, Тути такя, Шайх Нуриддини Соҳибнафас, Заифа, Шайх Ҷунайди Ҳисорӣ, [[Регистон]], бозор, масҷидҳо, қорихона, [[Мадрасаи Кӯҳна]], [[Мадрасаи Нав]], [[Мадрасаи Бомӣ]], [[Мадрасаи «Чашмаи моҳиён»]], [[Корвонсарой]], [[Арк]], дарвозахонаҳо, сағонаҳо, мазори яҳудиён, қабристон, мазори Савда, нақби зеризаминӣ ва ғайраҳо дарҷ ёфтаанд. Аз рӯи нишондоди ин харита ҳукм баровардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Ҳисори асримиёнагӣ 24 – [[масҷид]] ва 3 - қатлгоҳ мавҷуд будааст. Дар шаҳри Ҳисор дар баробари ривоҷи косибиву ҳунармандӣ, меъмориву гулкорӣ, туҷҷориву наҷҷорӣ, заргариву мӯҳргарӣ ва оҳангариву дуредгарӣ - илму адаб ва маорифу фарҳанг алоқадри ҳол пеш мерафт. Дар мадрасаҳо ва мактабҳои назди масҷид, ки асосан фарзандони сарватмандону рӯҳониён тадрис мегирифтанд, барномаи таълимияшон асосан аз фанҳои динӣ мураттаб гардонида шуда буд. Мадрасаҳо қоидатан аз ҳисоби вақфҳо мавҷуд буданд, ки дар он ҷо забонҳои форсиву арабӣ, Қуръон ва шарҳу тафсири он, ибтидои мантиқ, фалсафа ва фиқҳу шариатро меомӯхтанд. Дар соҳаи табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва таъриху адабиёт («Қофия», девони Бедил ва Ҳофиз) ба толибилмон маълумоти ноқис медоданд. Дар мадрасаҳо шогирдон на танҳо аз худи қаламрави бекигарии Ҳисор, балки аз Қаратоғу Бойсун, Ёвону Ғозималик, Варзобу Файзобод, Хатлону Рашт, Дарвозу Бадахшон ва дигар музофотҳои Бухорои Шарқӣ таҳсил мекарданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳисор"