Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 20:
 
== Таърих ==
{{асосӣ|Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик}}
Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».<ref>Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёӣ то Сомониён. Душанбе, 2009, саҳ. 8.</ref>
 
Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.
Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ аз ҷониби ҳайати [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] соли 2012 интишор гардида, соли 2015 ҷилди чоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.
 
=== Оғози фаъолият ===
[[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) "Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.
 
Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.
 
Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.
 
Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.
 
== Мундариҷа ==