Дирижёр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
навсозӣ
Сатри 10:
Дирижёри ҳақиқӣ бояд дорои маданияту маърифати баланд бошад ва эҳсосу назокати иҷрои навозандагонро амиқ дарк кунад. Барои мақсади муаллифро ифода кардан, ғояи асарро кушодан, дирижёриро мебояд техникаи хуби [[дирижёрӣ]] ва қиёфасозии таъсирбахш дошта бошад. Тавонад тафсири саҳеҳи асари иҷро мешударо кушояд, партитураро озодона хонда тавонад.
Дирижёр вазифаи худро бо ҳаракатҳои мавзун, мулоиму равони дастонаш, бо нишон додани суръату тобишҳои динамикӣ ба навохтан ҳамроҳ шудани гурӯҳҳои оркестр, солистон ва ғ. иҷро мекунад.
Дар гузашта як зумра дирижёрон дар байни санъаткорон маълуму машҳур буданд. Аз ҷумла [[композиторон]]икомпозиторони бузург ба монанди К. [[Вебер]], Ф. [[Лист]], Ф. [[Менделсон]], Г. [[Берлиоз]], Р. [[Вагнер]], Г. Маллер, Р. Штраус, С. Рахманинов ва дигарон. Ҳунари [[дирижёрӣ]] дар охирҳои а. XIX ва нимаи аввали а. XX як зумра [[дирижёр]]ҳои бомаҳоратро рӯи саҳна овард, ки дар ҷаҳон шинохта шуданд.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.128. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
== Дирижёрони Тоҷикистон ==