Филми мазҳакавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 22:
 
Аввалин намоиш чанд филми [[Бародарони Люмер]] буданд, ки [[28 декабр]]и [[соли 1895]] дар таҳхонаи як қаҳвахона дар [[Булвар Капутсинок]] намоиш дода шуд ва ин ҳам филми мазҳакавии "[[L'Arroseur arrosé]]" буд: боғбон гулҳоро бо рӯдаи резинӣ об медиҳад;  писараке бо пояш рӯдаро зер мекунад, ва об ҷорӣ намешавад;  боғбони ҳайрон ба даруни рӯда назар мекунад, писарак пояшро мебардорад ва ҷараёни об ба рӯи боғбон мепошад. Ин саҳнаро метавон ҳамчун мазҳакаи классикӣ тасниф кард.
 
== Рушди филмҳои мазҳакавӣ ==
Вақте синамо дар саросари ҷаҳон паҳн шуд, ибтидо бештар мазҳакаҳо пайдо мешуданд, зеро жанри [[филми тахайюлӣ|тахайюлӣ]] ва [[филми тарснок]]ро ҳанӯз [[Ҷорҷ Мелиес]] ихтироъ накарда буд. Аввалин ҳаҷвнигори машҳури ҷаҳон [[Андре Дед]] буд, ки мазҳакаҳои кӯтоҳ ба навор мегирифт. Андре Дед нақшеро мебозад, ки доимо дар ҳолатҳои ногувор қарор мегирад: ҳама ӯро мекӯбад, об мепошад ва ғайраҳо.  Комедияҳо бо иштироки Дид хеле маъмул буданд ва дар кишварҳои мухталиф қаҳрамони ӯро ҳар хел меномиданд: дар [[Италия]] - Кретинетти, дар [[Испания]] - Санчо, дар [[Амрикои Лотинӣ]] - Торрибио, дар [[Русия]] - Аҳмақ. Дар саросари ҷаҳон тақлидгарони зиёде дошт ва мазҳакаҳои онҳо низ муваффақ мешуданд. Ҳамин тавр то соли 1907 идома ёфт, вақте мазҳакаи кӯтоҳи "Аввалин қадамҳо дар рӯи ях" дар экранҳои Фаронса пахш шуд дар он номи [[Макс Линдер]]и ношинос пайдо шуд. Мувофиқи сюжет, қаҳрамони Линдер бояд конкитозӣ мекард, ки Макс дар умраш ҳеҷ гоҳ накарда буд. Кӯшишҳои ӯ дар пои худ истодан ва ба ҳеҷ ваҷҳ наафтодан дар камера сабт шуданд ва ба Линдер маъруфияти аввалин овард.  Баъдтар, дар соли [[1908]], вақте ки Андре Дид ба [[Италия]] рафт, Макс бо боварӣ ҷои ӯро гирифт. Линдер аввалин ҳаҷвнигоре шуд, ки бо як персонаже баромад кардааст, ки намуди зоҳириаш ба жанри ҳаҷв тамоман мувофиқат намекунад. Линдер жанри мазҳакаро ба тарзи худ инкишоф дод.  Баръакси Дед, Линдер дар филмҳояш табассум намекард, чеҳраи ӯ ҷиддӣ ва ҳақиқӣ буд. Линдер на ба шахси хандоваре монанд буд, ки дар ҳолатҳои ногувор меафтад, балки шахси воқеӣ, ки худро дар ҳолатҳои хандовар меафтад. Линдер бо филмҳои худ ба жанри мазҳака на танҳо ҳиллаҳои қавӣ, балки усули бунёди мазҳакаро ҳамчун жанр илова кард.   Линдер инчунин на аз рӯи мавқеъ, балки аз рӯи образи офаридааш латифаҳо эҷод кардааст. Қаҳрамони Линдер [[табиб]], [[ошпаз]], ва [[омӯзгор|омӯзгори рақс]] аст, аммо ӯ ҳамеша шево, зебо бо муйлабҳои фаронсавӣ ва зирак буда ба кори оддӣ одат накардааст. Ҳамин тавр, дар яке аз наворҳо ба қаҳрамони Линдер супориш дода шудааст, ки мурғро канда кунад. Вай чӣ гуна карданашро надониста, ба тарошидани мурғ шурӯъ мекунад.
 
[[Ҷанги Якуми Ҷаҳон]] ба рушди филмҳои мазҳакавӣ таъсир нарасонд, он танҳо истеҳсоли онро коҳиш ва мавзӯъро тағир дод: танҳо дар марҳилаи солҳои [[1914]]-[[1918]] дар бораи ҷосусон, мазҳакаҳое, ки ҷангро дар нақшаи ҳаҷвӣ тасвир мекунанд ба навор мегирифтанд (филмҳои Линдер "Макс ва саксон", "Макс  ва ҷосус" ва ғайраҳо).
 
Ҳангоми пайдоиши садо дар синамо дар охири солҳои 20-ум, имкон пайдо шуд, ки услубҳои куллан нав эҷод карда, ҳаҷви лафзӣ истифода шавад. Дар солҳои 1930-юм баъзе студияҳо ҳанӯз ҳам кӯшиш мекарданд филмҳои бесадо эҷод кунанд, аммо дере нагузашта ҳамаи филмҳо садо пайдо карданд. Чарли Чаплин бисёртар тӯл кашид.  Дар солҳои 1930-юм дар филмҳои ӯ муколама набуд, аммо садо шунида мешуд. Бо пайдоиши садо, студияҳои гуногуни истеҳсоли филмҳо бо сабаби он, ки таҷҳизоти зарурӣ хеле гарон буданд ва ширкатҳои хурд наметавонистанд онро дастрас кунанд барҳам хурданд.  Ширкати [[Metro-Goldwyn-Mayer]] дар ин муддат ба шарофати мазҳака маъруф гашт. Он замон филмҳо инчунин мазҳакаи ҷисмониро дар бар мегирифтанд, аммо онҳо аксар вақт бо муколама якҷоя карда мешуданд. Хусусияти дигари солҳои 30-юм силсилафилмҳои мазҳакавӣ мебошад, ки пайдо гаштанд<ref>[http://review-film.ru/view/komediya._istoriya_zhanra._2_chast/articles Комедия. История жанра] {{Wayback|url=http://review-film.ru/view/komediya._istoriya_zhanra._2_chast/articles |date=20091019150326 }}</ref>.
 
== Нигаред низ ==