Фортепиано: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 9:
 
== Асарҳои композиторони Тоҷикистон ==
Композиторони тоҷик барои фортепиано асарҳои зиёд дар жанрҳои гуногун офаридаанд, ки Консерт барои фортепиано бо оркестри симфонии М. Атоев, Фантазия барои фортепиано ва оркестри камеравии Ш. Ашуров, «Сюитаи ҳиндӣ» барои ду фортепиано ва «Токката» барои ду фортепиано ва оркестри симфонии Ф. Баҳор, Консерти №1 барои фортепиано ва оркестри симфонии А. Латифзода, Консерт-симфония барои фортепиано бо оркестри симфонӣ ва Соната-баллада барои фортепианои Б. Пиговат, Консерт барои фортепиано бо оркестри симфонии Я. [[Сабзанов]], Консерт – коллаж барои фортепиано бо оркестр симфонии [[Лола Толис]], се консерт барои фортепиано ва оркестри симфонӣ ва ду соната барои фортепианои Т.[[Толиб Шаҳидӣ]], «Сюитаи рақсӣ» барои лу фортепианои С. Юдаков, Консерт барои фортепиано ва оркестри симфонии А. Яковлев ва ғ. мисол шуда метавонанд. Ғайр аз ин композиторони тоҷик боз садҳо пиесаи хурду калон барои ин сози нодир эҷод намудаанд.
Пианинонавозони шинохтаи тоҷик: Гулчеҳра Иноятова, Дилбар Ҳакимова, Нигина Обидова, Дилбар Валаматзода, Рухшона Муборакшоева, Зулфия Халилова, Нодира Бурҳонова, Парвина Собирова, Мардон Шарипов, Рафиқа Сангинова, Виктория Латипова, Парасту Саодатова дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд.<ref> Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.418-420. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>