Фалсафаи таҳлилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Фалсафаи таҳлилӣ'''. Дар давраи муосир мактабњои фалсафї бо номњои зерин маъруфанд: позитиви...
(бе тафовут)

Нусха 07:14, 15 сентябри 2020

Фалсафаи таҳлилӣ. Дар давраи муосир мактабњои фалсафї бо номњои зерин маъруфанд: позитивизм (давраи классикии он аз соњои 30-юми асри ХIХ - О. Конт, Спенсер, Миль, Михайловский, давраи дуюмаш дар њамин ваќт бо номи махизм, эмпириокрититсизм - Мах, Пирсон, Пуанкаре ва давраи сеюми он аз солњои 20-30 - и асри ХХ бо номи позитивизми мантиќї, неопозитивизм, ё «фалсафаи тањлилї»); неогегельянство ё младогегельянство (Грин, Бозанкет, Коллинд, Кроче, Кронер, Валь, Кожевников, Ильин); неокантианство - Марбурская, Баденская, Коген, Риккер; прагматизм - Спирс, Мид, Уайт; неомарксизм - Балюбар, Лекур, Реймон, Коэн, Реммер; постпозитивизм - Лакатос, Фейерабенд, Уайтхед (баъдї), Туймен; структурализм - Якобсон, Трубецкой, Локан, Барт, Фуко; фалсафаи њаёт - Шопенгауэр, Дильтей, Шпенглер; фалсафаи психоанализ - Фрейд, Юнг, Фромм, Адлер; экзистенциализм - Ясперс, Њайдеггер, Губер, Лев Шестов; феноменология - Гуссер, Шелер, Гартман; герменевтика - Гадамер, Бетти, Њайдеггер ва антропологияи фалсафї - Шелер, Геллен, Портман. Марњилањои асосии инкишофи илм: Марњилањои асосии инкишофи илмро чунин гурўњбандї мекунанд: 1. Давраи тоилмии шарќи бостонї (бобулї-шумерї, мисрї, Чини ќадим, Њинди ќадим ва Эрони бостон); 2. Илми атиќа; 3. Илми асримиёнагии аврупої; 4. Илми классики нававрупої; 5. Илми ѓайриклассикї; 6. Илми баъдиѓайриклассикї. Маърифати илмї - илм низоми мураккаби рушдёбандае мебошад, ки дар сохтораш метавон се дараљаро људо намуд: 1. Дараљаи алоќаманд бо њалли проблемаи мушахаси илмї; 2.Дараљаи алоќаманд бо соњаи људогонаи илмї, яъне таркибдињандаи фанни људогонаи илмї; 3. Дараљае, ки бо тамоми илм иртибот дорад. Дараљаи якумро барасї мекунем. Ин љо боз ду дараљаро метавон људо кард: - таљрибавї (эпирикї); - назариявї. Дараљаи таљрибавї бо мушоњидоти бевосита аз болои ашё ва њаводиси њиссї даркшаванда ва маълумоте алоќаманд аст, ки бо роњи таљриба ба даст омадаанд. Далелњои бад-ин тариќ ѓуншуда њамон маводи фикриеанд, ки дар асоси онњо олим ќонуниятњои эмпирикиро муќаррар месозанд. Дараљаи назариявї бар дараљаи эмпирикї афзалият дорад. Вазифаи асосии назария аз тасвир кардан, муназзам сохтан ва ташрењи маљмуи маълумоти таљрибавї иборат аст. Дар ин дараља олимон ќонун ва ќонуниятњои дар соњаи тадќиќот амалишавандаро кашф мекунанд. Назария бо объектњои воќеъї не, балки бо суварњои ормонї (образњои идеалї) - и онњо, яъне мафњумњо сару кор дорад. Объекти тадќиќшаванда хосиятњои зиёд дорад, њам пажўњишгар аз миёнашон нишонаи асосиро људо мекунад, ки барои офариниши образи идиалии объект зарур аст. Мантиќ - аз калимаи арабї гирифта шуда, маънояш «нутќ» ва «забон» аст, аммо аз лињози илмї ба шакли зерин тавзењ дода мешавад: - робитаи ашё ва њодисањои олами воќеиро ифода мекунад; - тарзи дурусти баёни фикр аст. Яъне илме, ки дар бораи ќонунњои робита ва инкишофи фикр бањс менамояд, мантиќ меноманд. Мантиќи илмї - таълимот оид ба воситањои мантиќии маърифати илмї мебошад. Мантиќи шаклї - илм дар бораи шаклњо ва ќонунњои тафаккур буда, робитаи байни фикрњоро аз љињати шаклашон мавриди омўзиш ќарор медињад. Шаклњои асосии мантиќи шаклї: айният, адами таноќуз (ду фикре, ки дар як ваќт дар бораи як чиз гуфта шавад, яке беасосии дигареро инкор менамояд), истиснои солис (собит менамояд, ки ду њукми зид дар як ваќт дурўѓ буда наметавонад, њатман яке аз онњо рост аст ва њољат барои баёни њукми сеюмро намепазирад) ва асоси кофї (њар як њукми њаќ бояд асоси кофї, яъне бо далел асоснок шуда бошад). Мантиќи диалектикї - шаклњо ва ќонунњои инкишофи донишро меомўзад. Шаклњои дониш: проблема, фарзия, усулњои маърифат, аз љумла, гузаштан аз абстракт ба мушаххас, тањлил ва тавсиф (анализ ва синтез) - ро тањќиќ менамояд.