Фарқият байни намунаҳои "Фалсафаи таҳлилӣ"

no edit summary
'''Фалсафаи таҳлилӣ''' ({{lang-en|Analytic philosophy}}) — мактабе [[фалсафа|фалсафист]], ки дар оғози қарни бистум дар кишварҳои инглисизабон табдил ба мактаби ғолиб шуд. Имрӯза дар [[Биритониё]] [[ИМА]], [[Конодо]], [[Австралия|Австралия]], [[Зеландияи Нав]] ва [[Скандинавия]] бештар депортмонҳои донишгоҳии фалсафаи худро ба унвони депортмонҳои «фалсафаи таҳлилӣ» муаррифӣ мекунанд<ref name="Searle03P1">"Without exception, the best philosophy departments in the United States are dominated by analytic philosophy, and among the leading philosophers in the United States, all but a tiny handful would be classified as analytic philosophers.</ref>.
 
Дар давраи муосир мактабҳои фалсафӣ бо номҳои зерин маъруфанд: позитивизм (давраи классикии он аз соҳои 30-юми асри ХIХ — О. Конт, Спенсер, Миль, Михайловский, давраи дуюмаш дар ҳамин вақт бо номи махизм, эмпириокрититсизм — Мах, Пирсон, Пуанкаре ва давраи сеюми он аз солҳои 20-30 — и асри ХХ бо номи позитивизми мантиқӣ, неопозитивизм, ё «фалсафаи таҳлилӣ»); неогегельянство ё младогегельянство (Грин, Бозанкет, Коллинд, Кроче, Кронер, Валь, Кожевников, Ильин); неокантианство — Марбурская, Баденская, Коген, Риккер; прагматизм — Спирс, Мид, Уайт; неомарксизм — Балюбар, Лекур, Реймон, Коэн, Реммер; постпозитивизм — Лакатос, Фейерабенд, Уайтхед (баъдӣ), Туймен; структурализм — Якобсон, Трубецкой, Локан, Барт, Фуко; фалсафаи ҳаёт — Шопенгауэр, Дильтей, Шпенглер; фалсафаи психоанализ — Фрейд, Юнг, Фромм, Адлер; экзистенциализм — Ясперс, Ҳайдеггер, Губер, Лев Шестов; феноменология — Гуссер, Шелер, Гартман; герменевтика — Гадамер, Бетти, Ҳайдеггер ва антропологияи фалсафӣ — Шелер, Геллен, Портман.
 
Марҳилаҳои асосии инкишофи илм:
 
Марҳилаҳои асосии инкишофи илмро чунин гурӯҳбандӣ мекунанд:
 
1. Давраи тоилмии шарқи бостонӣ (бобулӣ-шумерӣ, мисрӣ, Чини қадим, Ҳинди қадим ва Эрони бостон);
 
2. Илми атиқа;
 
3. Илми асримиёнагии аврупоӣ;
 
4. Илми классики нававрупоӣ;
 
5. Илми ғайриклассикӣ;
 
6. Илми баъдиғайриклассикӣ.
 
Маърифати илмӣ — илм низоми мураккаби рушдёбандае мебошад, ки дар сохтораш метавон се дараҷаро ҷудо намуд:
 
1. Дараҷаи алоқаманд бо ҳалли проблемаи мушахаси илмӣ;
 
2.Дараҷаи алоқаманд бо соҳаи ҷудогонаи илмӣ, яъне таркибдиҳандаи фанни ҷудогонаи илмӣ;
 
3. Дараҷае, ки бо тамоми илм иртибот дорад.
 
Дараҷаи якумро барасӣ мекунем. Ин ҷо боз ду дараҷаро метавон ҷудо кард:
 
— таҷрибавӣ (эпирикӣ);
 
— назариявӣ.
 
Дараҷаи таҷрибавӣ бо мушоҳидоти бевосита аз болои ашё ва ҳаводиси ҳиссӣ даркшаванда ва маълумоте алоқаманд аст, ки бо роҳи таҷриба ба даст омадаанд. Далелҳои бад-ин тариқ ғуншуда ҳамон маводи фикриеанд, ки дар асоси онҳо олим қонуниятҳои эмпирикиро муқаррар месозанд.
 
Дараҷаи назариявӣ бар дараҷаи эмпирикӣ афзалият дорад. Вазифаи асосии назария аз тасвир кардан, муназзам сохтан ва ташреҳи маҷмуи маълумоти таҷрибавӣ иборат аст. Дар ин дараҷа олимон қонун ва қонуниятҳои дар соҳаи тадқиқот амалишавандаро кашф мекунанд. Назария бо объектҳои воқеъӣ не, балки бо суварҳои ормонӣ (образҳои идеалӣ) — и онҳо, яъне мафҳумҳо сару кор дорад. Объекти тадқиқшаванда хосиятҳои зиёд дорад, ҳам пажӯҳишгар аз миёнашон нишонаи асосиро ҷудо мекунад, ки барои офариниши образи идиалии объект зарур аст.
 
Мантиқ — аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш «нутқ» ва «забон» аст, аммо аз лиҳози илмӣ ба шакли зерин тавзеҳ дода мешавад:
 
— робитаи ашё ва ҳодисаҳои олами воқеиро ифода мекунад;
 
— тарзи дурусти баёни фикр аст. Яъне илме, ки дар бораи қонунҳои робита ва инкишофи фикр баҳс менамояд, мантиқ меноманд.
 
Мантиқи илмӣ — таълимот оид ба воситаҳои мантиқии маърифати илмӣ мебошад.
 
Мантиқи шаклӣ — илм дар бораи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур буда, робитаи байни фикрҳоро аз ҷиҳати шаклашон мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
 
Шаклҳои асосии мантиқи шаклӣ: айният, адами таноқуз (ду фикре, ки дар як вақт дар бораи як чиз гуфта шавад, яке беасосии дигареро инкор менамояд), истиснои солис (собит менамояд, ки ду ҳукми зид дар як вақт дурӯғ буда наметавонад, ҳатман яке аз онҳо рост аст ва ҳоҷат барои баёни ҳукми сеюмро намепазирад) ва асоси кофӣ (ҳар як ҳукми ҳақ бояд асоси кофӣ, яъне бо далел асоснок шуда бошад).
 
Мантиқи диалектикӣ — шаклҳо ва қонунҳои инкишофи донишро меомӯзад. Шаклҳои дониш: проблема, фарзия, усулҳои маърифат, аз ҷумла, гузаштан аз абстракт ба мушаххас, таҳлил ва тавсиф (анализ ва синтез) — ро таҳқиқ менамояд.
 
== Эзоҳ ==