Фарзия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Фарзия''' ({{lang-ar|فرضیه}}), '''ингора''' ({{lang-fa|اِنگاره}}<ref>{{Cite web|url=http://dictionary.obspm.fr/index.php?formSearchTextfield=%D8%A7%D9%86%DA%AF%D8%A7%D8%B1%D9%87&formSubmit=Search&showAll=1|title=An Etymological Dictionary of Astronomy and Astrophysics - 1|website=dictionary.obspm.fr|accessdate=2020-09-16}}</ref>), '''гипо́теза''' ({{lang-grc|ὑπόθεσις}}) — як тавзеҳи пешниҳодӣ барои як [[падида]] ё рухдод аст; Ба гунае дигар бояд гуфт, ки фарзия як ҳадси мантиқӣ ва озмоишпазир (озмудани фарзия бо дигар донистаҳо) мубтанӣ бар падидаҳоест, ки дар ҷаҳони табиат мушоҳида мекунед<ref>{{Cite web|url=https://futurism.com/hypothesis-theory-or-law|title=Scientific Hypothesis vs Theory vs Law|website=Futurism|lang=en|accessdate=2020-09-16}}</ref>.
 
Одатан, фарзия дар асоси як қатор мушоҳидаҳое (мисолҳо), ки онро тасдиқ мекунанд, баён мешавад ва барои ҳамин шабеҳи ҳақиқат аст. Фарзияро минбаъд ё исбот мекунанд, ё ба далели воқеии муайяншуда табдил медиҳанд ва ё рад намуда (масалан, бо овардани далелҳои зид), ба қатори тасдиқоти дурӯғин таҳвил медиҳанд. Фарзияи исботнашуда ва раднашуда мушкилаи баҳснок ном дорад. Дар истилоҳоти имрӯза фарзия — дар шакли ҳукм ва ё ҳукмҳо баён шудаи тахмину пешбинӣ ва ё пешгӯии чизе мебошад: масалан «пешгӯии табиат» дар шаклбандии қонунҳои илмҳои табиатшиносӣ. Дар ин ҳолат мазмуни ибтидоии «фарзия» ба мазмуни мафҳуми «фарзияи илмӣ», ки ҳукми тахминиро дар бораи робитаҳои қонунӣ (ва ё сабабӣ) — и зуҳурот ифода мекунад, ворид мешавад. Ба қавли И.Кант — "фарзия ин орзӯю хаёл нест, балки андеша дар бораи вазъи воқеии ашёст, ки таҳти назорати қатъи ақл қарор мегирад. Он яке аз воситаҳои ташреҳи далелҳои воқеӣ ва мушоҳидаҳо — маълумоти таҷрибавӣ ба шумор рафта, дар аксари ҳолатҳо аз рӯи қоидаи — «ҳар чизеро, ки мо шарҳ додан мехоҳем, монанди он аст, ки аллакай мо онро медонем».
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Фарзия"