Малика Қаландарова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Сатри 15:
 
== Эҷодиёт ==
Қаландарова рақсҳои тоҷикии «Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кӯҳсор», «Мор», рақсҳои афғонии «Бобоқирон», японии «Сахура», «Баҳор», туркии «Муҳаббати ман», русии «Коробейники», ҳиндии «Олиҳа», испании «Фламенко», хоразмии «Лазгӣ», арабии «Орзу» ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ҳаракатҳояш мавзун, мутаносиб ва дилрабо буда, ҷузъиёти рақсаш бо услуби хос иҷро мешавад. Қ. либосҳои шинаму пурҷилоро (бештари либосҳояшро худаш медӯхт) истифода бурда, рақсҳояшро боз ҳам мақбултару дилчасптар мегардонид. Ҳар як номераи рақсиашро бо шавқу ҳаваси адонашаванда иҷро намуда, онҳоро бо маҳорату эҳсоси баланд ифода мекард. Ҳангоми иҷрои рақсҳои халқҳои гуногун дар ифодаи хислат, хусусият, мувофиқати либос, мусиқӣ ва зарбу усул эътибори ҷиддӣ медод. Беҳтарин рақсҳои Қ. қисми достон, банду баст, ҷараёни инкишоф ва нуқтаи кулминатсионӣ доштанд. Дар санъати Қаландарова суруру шодӣ, зиндадилӣ ва ҳисси некбинӣ ифода меёфт. Ба хориҷа, аз ҷумла Ҳиндӯстон, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Юнон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984), Лауреати Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Берлин (1943). Бо диплом ва медали тиллои фестивал мукофотонида шудааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.198-199. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
Аз соли [[1993]] дар [[Ню-Йорк]] [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] истиқомат мекунад. Малика Қаландарова дар инҷо мактаби "Malika's International Dance School" , кушодааст ва духтаронро рақсҳои тоҷикӣ ёд медиҳад.
Сатри 26:
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
{{ПБ}}
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Рӯихати ҳунарпешагон]]
[[Гурӯҳ:ҲунарпешаиҲунарпешагони халқии СССРИҶШС]]
[[Гурӯҳ:Раққосаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Занҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Занҳои ҳунарпешаи Тоҷикистон]]
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}