Сергей Баласанян: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Сарчашма: гурӯҳбандӣ
х clean up using AWB
Сатри 27:
|вебгоҳ =
}}
'''Серге́й Арте́мевич Баласаня́н''' ([[26 август|26 августи]]и [[1902]], [[Ашқобод]] – [[3 июн|3 июни]]и [[1982]], [[Маскав]]) — композитори арманитабори Тоҷикистон. [[Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[Соли 1957|1957]]), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939), Ходими хизматнишондодаи санъати РСФСР (1963), Артисти халқии РСФСР (1978).
 
== Зиндагинома ==
Сатри 36:
Дар мусиқии балет амалиёти зиёд, лирикаи нафис ва самимияти бузург ҳис карда мешавад. Барои балети «Лайлӣ ва Маҷнун» Баласанян бо ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид (1949). Б. бо истифода аз фолклори мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, арманӣ як қатор асарҳои симфонӣ эҷод кардааст (Сюитаи симфонии «Помир» -1944, «Сюитаи тоҷикӣ» -1948, «Ҳафт суруди арманӣ» -1955, «Сюитаи афғонӣ» -1956). Ин асарҳо аз нигоҳи забони мусиқӣ барҷаста ва аз нигоҳи шакл суфта, маҳорати инструментовкаи оркестри композитор бараъло ба назар мерасад.
 
Соли 1961 Баласанян балети «Шакунтала»-ро аз рӯи драмаи Калидас (а. V) ба итмом мерасонад ва соли 1970 барои балети «Шакунтала» сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мегардад. С.-ҳои 70-ум Баласанян дар жанрҳои мусиқии симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хор бештар асар офаридааст, ки достони вокалӣ-созии «Аметист» ба шеърҳои Э. Межелайтис ва [[Робиндронот Тагур|Р.Тагур]] барҷаста аст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 49-50 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
Ҳамчунин, ӯ муаллифи асарҳо барои орекестри симфонӣ ва яккахон, 4 суита (тоҷикӣ, помирӣ, балетӣ, афғонӣ), 100 такмил барои фортепиано, сурудҳо, романсҳо, муси­қӣ барои спек­таклҳои драмавӣ, кинофилмҳо ва ғ. мебошад. Баласанян аз с. 1965 [[профессор]]и [[Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. Чайковский]] буд ва дар тарбияи кадрҳои композиторӣ барои Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст.
Эҷодиёти Сергей Баласанян хеле пурмазмун буда, аз оҳангҳои фолклории халқҳои Шарқ бой аст. Сергей Баласанян аз зумраи композиторонест, ки зиндагии осуда, дӯстии халқҳо ва сулҳу амниятро ҳаққонӣ ва ибратомез тавсиф намудаанд.
 
== Мукофотҳо ==
Дорандаи Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1969). Бо 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва 2 ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 54:
* {{ЭМТ|Баласанян, Сергей Артемевич|2|муаллиф=Н. Шарипов}}
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Композиторон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ҲунарпешаиҲунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Композиторони ИҶШС]]