Аслиддин Низомов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up using AWB
Сатри 33:
Шӯъбаи созҳои халқии Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1971), шӯъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи [[Мухтор Ашрафӣ]], синфи профессор [[Файзулло Кароматов]] (1976) хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ» (Тошканд, 1990) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна» (Тошканд, 1998) дифоъ намудааст.
Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърихи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] кор карда, бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (1979) нахустин мудири он (то соли 1982) таъйин мегардад. Соли 1980 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад.
Аз соли 1982 то 2007 вай дар вазифаҳои сардори раёсати оид ба корҳои санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]], 1987-1999 ходими калони илмии шуъбаи таърихи санъати Ин-ти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], корманди масъули шӯъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон, 1999-2000 сардори шуъбаи кадрҳо оид ба таълим ва илми Вазорати фарҳанги ҶТ, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] (2001–2007), мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. з соли 2007 то 2013 Аслиддин Низомов ректори [[Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] буд.<ref> name="ReferenceA">Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. — С. 120—123</ref>
 
== Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ==
А. Низомов муаллифи беш аз 100 мақолаҳои таҳқиқӣ ва 3 рисола буда, силсилаи мақолаҳо оид ба эҷодиёти А.Солиев, Ф.Шаҳобов, Х.Абдуллоев, А.Одинаев ва ғ. навиштааст. Инчунин ӯ муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ ва монографияҳои «Таърих ва назарияи Шашмақом» (2003), «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна (2000) ва ғ. мебошад.
Н. иштирокдори симпозиум ва фестивалҳои байналмилалии (Пхенян-1986, Теҳрон-2005), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия ва Фаронса (Маскав, Париж-2005) мебошад. Ӯ муаллифи мақолоти зиёде барои Донишномаи советии тоҷик (ЭСТ), энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик (ҷ.-ҳои 1-3, 1988-2004) ва тарҷумаи бахши мусиқии «Шифо»-и Ибни Сино («Ҷавомеъ-ал-мусиқӣ» аз забони арабӣ ба забони русӣ) аст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 259 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
 
Ӯ ҳанӯз солҳои нимаи дуюми 70 — нимаи аввали 80 худро дар соҳаи танқиди мусиқӣ ва этномусиқишиносӣ зуҳур намуд Аслиддин Низомов дар мақолаҳои сершумори танқидӣ дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ проблемаҳои рушди фарҳанги мусиқии миллӣ ва ташаккули жанрҳову равияҳои муосири мусиқиро ба таври васеъ инъикос намудааст.
Сатри 48:
* Мавригӣ // Меҳрномаи Фаттоҳ Одина. Душанбе, 1998. — С. 69-74;
* Она осталась вершиной (Андешаҳо оид ба 20-солагии нахустнамоиши операи Д.Дӯстмуҳаммадов «Қишлоқи тиллоӣ») // [[Дамир Дӯстмуҳаммадов]]. Душанбе, 2001. — С. 24-32 ва ғ.)
ва ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ мебошад.<ref> Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. — С. 120—123<name="ReferenceA"/ref>
 
Доираи таҳқиқотии вай ба таърих ва назарияи мусиқии классикии тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, як қатор мамолики Шарқ — [[Афғонистон]], [[Эрон]], [[Марокаш]], [[Алҷазоир]] мебошад.
Сатри 78:
== Манбаъ ==
{{эзоҳ}}
 
 
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъатиҲунармандони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]