Зайниддин Зулфиқоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
аниқкунӣ
х clean up using AWB
Сатри 29:
'''Зайниддин Зулфиқоров''' (тав.01.05.1941, деҳ.[[Ворух]]и н. Исфара) — оҳангсози ([[композитор]]) муосири тоҷик.
== Зиндагинома ==
[[Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе]] ([[1959]]) ва [[Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода|Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]](1980). Муҳаррири калони шуъбаи мусиқӣ, дирижёри оркестри созҳои миллӣ (1966-1973), роҳбари бадеии Ансамбли бонувони рубобнавози [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии Тоҷикистон]] ([[1973]]-[[1975]]), муаллими омузишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1975-1978), роҳбари мусиқии театри ҷавонон ([[1978]]-[[1980]]), муаллими мактаби мусиқии шаҳри [[Исфара]] ([[1980]]-[[1988]]), роҳбари бадеии гурӯҳи эстрадии «Суғдиён»-и Тоҷикконсерт([[1988]]-[[1996]]), [[муаллим]], директори мактаби мусиқии шаҳри.[[Исфара]](1996-2003) ва аз соли [[2003]] нафақахӯр.
 
== Эҷодиёт ==
Зулфиқоров дар офаринишини асарҳо ба услубу анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик такя мекунад ва эҷодиёташро аз фолклори ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ғанӣ мегардонад. Бозёфтҳои эҷодии Зулфиқоров асосан дар жанри суруд зоҳир шудаанд. Мусиқиаш фораму дилнишин буда, бештар руҳбаландӣ ва инсонпарвариро ифода мекунад ва дар жанри сурудҳои эстрадӣ низ муваффақият пайдо кардааст, сарояндаи [[Дастаи эстрадии «Гулшан»|ансамбли эстрадии «Гулшан»]] [[Баҳодур Неъматов]] мусиқиашро дар эҷодиёташ истифода бурдааст. Дар эҷодиёти оҳангсоз мусиқӣ барои бачагон ҷойи намоёнро дорад. Дар мактабҳои мусиқии чумҳурӣ як қатор асарҳои Зулфиқоровро ҳамчун дастури таълимӣ меомӯзанд. Дар эҷодиёти Зулфиқоров инчунин жанри хор мавқеи хос дорад. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва [[СССР]](1984), раиси созмони ромишгарони XТ ([[1992]]).<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Оҳангсозон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъатиҲунармандони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон]]