Муҳиддин Хоҷаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ, сарчашмаҳо
х clean up using AWB
Сатри 19:
''' Муҳиддин Хоҷазод ''' - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965), узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1970), дорандаи унвони "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"
== Зиндагинома ==
Муҳиддин Хоҷаев [[23 ноябр]]и [[соли 1938]] дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири [[вилояти Ставропол]]и [[Федератсияи Русия]] таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба [[Хуҷанд]] баргашта, баъдтар ба [[Самарқанд]] кӯч бастаанд. Солҳои 1942-1948 аз Самарқанд ба [[Душанбе]] кӯчидаанд. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултаи филологияи рус, сипас филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]] шуда, соли 1961 хатмаш кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони [[Маскав]] ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст. Баъди хатми он (соли 1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъди муттаҳид шудани Кумитаи кинематографияву Вазорати фарҳанг аввал сардори Раёсати санъат, баъдан сармуҳаррири он будааст. Соли 1997 бо аҳли хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд чун ҷонишини сардор, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ чун сармуҳаррир кор кардааст.<ref> name="Муҳиддин Хоҷазод">{{Cite web|url=http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/navisandagon/250-mu-iddin-kho-a-zod|title=Муҳиддин Хоҷазод |author=|website=www.navisandagan.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-10-29}} </ref>
== Эҷодиёт ==
Дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.
Сатри 25:
Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.
«Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд.
Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба табъ расидаанд.<ref> <ref> {{Cite web|url=http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/navisandagon/250-mu-iddin-kho-a-zod|titlename="Муҳиддин Хоҷазод |author=|website=www.navisandagan.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-10-29}} <"/ref>
== Мукофот ва ҷоизаҳо ==
* [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] (соли 2010).
Сатри 31:
* Барандаи унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»
* Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ.
* Бо Ифтихорномаҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудааст.<ref> {{Cite web|url=http://www.kmt.tj/mukhiddin-hochazod-dar-ostonai-80-umin-bakhori-umr|title=Муҳиддин Хоҷазод дар остонаи 80-умин баҳори умр|author=|website=www.kmt.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-10-29}} </ref>
 
 
== Нигаред==
Line 38 ⟶ 37:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
 
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ДромнависониНамоишпардозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Арбоби ҳунари Тоҷикистон]]