172 769
edits
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) (→Эҷодиёт: илова) |
х (clean up using AWB) |
||
== Зиндагинома ==
Фаттоҳ Одина (Абдуфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли [[1957]] омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри [[Душанбе]], соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли [[1966]] аспирантураи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-омӯзгории бо номи Гнесинро дар [[Ленинград]] (ҳозира [[Санкт-Петербург]]) хатм кардааст.
Солҳои 1962-1964 муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, солҳои 1967-1971 муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон.<ref name="ReferenceA">
== Ҷоизаҳо ==
== Эҷодиёт ==
Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли [[1966]] аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. Фаттоҳ Одина беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки сарояндагони машҳур [[Аҳмад Зоҳир]], [[Нигина Рауфова]], [[Мастона Эргашева]], [[Нуқра Раҳматова]], [[Майсара Дилдорова]], Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, [[Сурайё Қосимова]], [[Тоҷиддин Муҳиддинов]] ва диг. сурудҳои ӯро иҷро намудаанд. Инчунин Фаттоҳ Одина ба чандин кинофилмҳо мусиқӣ навиштааст, аз ҷумла, ба филмҳои ҳунарии «Хиёнат», «Қасос», «Хати парвоз», «Сандуқ барои арӯс» ва ғ. Мусиқии Фаттоҳ Одина заминаи халқӣ дошта, имрӯз дар Тоҷикистон машҳур аст.
Бо таъсисёбии [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] (2003) профессори фахрии мактаби олӣ интихоб гардид. Ҳамчун аъзои шӯрои олимони Консерватория дар ҳаёти он фаъолона ширкат варзидааст.<ref
=== Сурудҳо ===
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон]]
|