Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: clean up using AWB
→‎Эҷодиёт: навсозӣ
Сатри 36:
Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965—1966 интишор ёфтааст. Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст. Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст.
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.<ref name="Абдусалом Деҳотӣ">[https{{Cite web|url=http://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot |title=Абдусалом Деҳотӣ]|author=|website=www.navisandagan.tj |date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-09-18}}</ref>
 
Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. «Манзараҳои сегона» (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи «Ҳуҷум» — и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.