Абутайиби Тоҳир: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Осори мусиқӣ: кӯмак на, кУмак! using AWB
Сатри 30:
 
== Осори мусиқӣ ==
Абутайиби Тоҳир оид ба мусиқӣ асарҳои мукаммали назариявӣ, аз ҷумла «Китоб-ул-одоб-ил-ғиноъ» ва «Китоб фӣ-н-нағам» навиштааст. ӯ дар ин асарҳояш мусиқиро чун илм ва санъат тафсир дода, оид бо созҳои мусиқӣ, ҷанбаҳои гуногуни созу овоз, комёбию норасоиҳои афкори мусиқишиносони [[Юнони Қадим]] нуқтаи назари худро баён намудааст. Бино ба гуфти Ибни Надим («Ал-Феҳрист») ва Ибни Усайбия («Уюн-ул-анбаъ») тарҷумаи «Қонунҳои мусиқӣ»-и [[Афлотун]] аз ҷониби Абутайиби Тоҳир аз ҷумлаи беҳтарин тарҷума ва тафсирҳо будааст. Абутайиби Тоҳир дар асарҳояш ба анъанаҳои таърихии афкори мусиқии мардуми эронинажод диққати махсус дода, мусиқии аҳди Сосониёнро аз саҳифаҳои бой ва рангини созу овоз шуморидааст. Хусусан дар асараш «Китоб фӣ-н-нағам» («Китоб оид ба сурудҳо») баробари тафсири таркиботи суруд, таронаҳои қадимии тоисломӣ ва замонаш, инчунин роҷеъ ба силсилаи «Хусравониёт», «Форсиёт», шаклҳои маъмули сарояндагии аҳди Сосониён «чома» («чакомак»), «транак» («тарона»), «патвожа», «паҳлавиёт» маълумоти мукаммал дода, онро ба ҳаёти мусиқии а-ҳои 9 – 10 пайвастааст. Офаридаҳои Абутайиби Тоҳир ҳамчун сарчашмаи мӯътамади мусиқӣ эътироф шуда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои созу овоз чун дастур кӯмаккумак намудаанд. Аз ҷумла Абунасри Форобӣ дар «Китоб-ул-мусиқӣ-ал-кабир» аз онҳо баҳра бардоштааст.
 
== Эзоҳ ==