Латифа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х кӯмак на, кУмак! using AWB
Сатри 2:
 
Дар байни мардуми тоҷик ҳикояҳои кӯтоҳе ҳастанд, ки ширину латиф ва ҳаҷвомез буда, дар ҳар як нишасту маҳфил, маъракаҳо, баъзан кӯчаву бозор ва дигар мавзеъҳо байни дӯстону ҳамкорон барои хушҳол намудани табъу хотир гуфтаву шунида мешаванд. Ин ҳикояи хурдҳаҷми эпикиро латифа меноманд, ки дар шароити имрӯза яке аз жанрҳои фаъол буда, нисбат ба жанрҳои дигари насри шифоҳӣ, масалан афсонаву қисса, корбурди бештаре дорад. Дар латифа қариб ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгор ба тарзи бадеӣ ва бо оҳанги ҳаҷвомез инъикос меёбанд. Ҳатто хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум аҳамияту арзише дорад, ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, дар мазмуни латифаҳо
бозтоб мегарданд.<ref name="ReferenceA">Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. </ref>
Қахрамонони асосии латифаҳои тоҷикӣ [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мулло Мушфиқи]], Насриддин Афанди ([[Афандӣ]]) мебошанд. Силсилаи бузурги латифаҳои халкии тоҷики аз номи ин ё он маҳал (махаллати, ширини, румони, дарвози, хуфи, каротегини ва г.) гуфта мешаванд. Вале дар адабиёти хаттӣ номи персонаж ва қаҳрамонони зиёди ҳачви аз кабили Бахлул, Абунувос, Хуҷа, Талхакро дучор мекунем, ки баъдтар бо номи Хоҷа Насриддин ([[Афандӣ]]) иваз шудаанд.<ref>Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 12</ref><ref>[http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
 
Дар латифаҳои тоҷикӣ персонажҳои маъруф Насриддин Афандӣ, Мушфиқӣ, Кали зирак ва чанде дигар ҳамеша бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакин камбудиҳои фардӣ ва иҷтимоиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгарм менамоянд. Тавассути латифаҳо хислату ниҳодҳои хубу бади тоифаҳои мухталифи одамон бозгӯ мешаванд, чунончи: зиракию сухандонӣ, ҳозирҷавобӣ, инчунин хулқу хисоли манфӣ, аз ҷумлаи танбалию муфтхӯрӣ, мардумозорӣ ва содагию ҷоҳилии баъзе инсонҳо мундариҷаи латифаҳоро фаро гирифтаанд.
Сатри 12:
Афандӣ мегӯяд, ки:
;–Чаро ин қадар дод мегӯӣ, намебинӣ, ки либоси вай аз либоси мо ҳам сиёҳтару чиркинтар?! Мон, ки вай бечора ҳам собунро бурда, либосашро шӯяд!
Сухан дар латифаҳо хеле кӯтоҳу мӯҷаз баён мегардад. Аз саноеъи бадеӣ бештар муболиғаву иғроқ барои дилчаспу хандаовар шудани мазмун ва баъзан таҷнис, тазод ва тавсифҳо барои кушодани моҳияти мундариҷаи латифа кӯмаккумак мерасонанд.
Аз Афандӣ пурсиданд, ки:
;–Чаро одамон ба ҳар тараф мераванд?
Афандӣ гуфтааст:
;–Ҳамаи одамон агар ба як тараф нигоҳ карда раванд, як тарафи замин вазнин шуда, чаппа мешавад-дия.{{охири иқтибос|сарчашма=}}<ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. <name="ReferenceA"/ref>
 
Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Яъне ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рӯйдиҳанда зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниши мардум дучор гашта, ниҳоят дар шакли нисбатан бадеӣ ва устувор – қолиби латифа ҷамъбаст мешаванд. Дар бораи шахсони маъруф, санъаткорон, сиёсатмадорон, сарватмандон ва табақаҳои дигари иҷтимоӣ имрӯзҳо намунаҳои нав ба нави латифаҳо эҷод ва паҳн мешаванд, ки аз зиндаву фаъол будани ин жанр гувоҳӣ медиҳанд. Лозим ба зикр аст, ки дар нашрияҳои матбуоти имрӯза, чи ба забони тоҷикӣ ва чи ба забони русӣ, ҳар ҳафта садҳо латифа ба табъ мерасанд, ки баъзеи онҳо намунаҳои мардумӣ ё худ сирф фолклорӣ буда, қисми дигарашон соҳибмуаллифанд. Дар натиҷаи гардишхӯрӣ баъзе намунаҳои латифаҳои дар матбуот чопшуда ба репертуари гӯяндаҳои мардумӣ дохил мешаванд. Яъне дар интиқол ва суфташавии баъзе латифаҳо воситаҳои ахбори омма нақши муҳим доранд. Чунончи, намунаи латифаҳои анъанавиро имрӯзҳо дар шакли намоишӣ (масалан, дар барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Хандинкамон», «Шакарханд», «Шӯхиҳои Аловиддин» ва ғ.), дар шакли барномаҳои радиогӣ ва дар саҳфаҳои матбуоту шабакаи ҷаҳонии Интернет мушоҳида карда метавонем. <ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон name="ReferenceA"/ Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. </ref>
 
== Нигаред ==
Сатри 28:
{{эзоҳ}}
{{таърих-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Анъанаи шифоҳӣ дар Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Жанрҳои адабӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Латифа"