Заргарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
х тилло на, тило! using AWB
Сатри 1:
'''Заргарӣ''' ({{забон-фа| زرگری }}) – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон ба шумор меравад.
 
Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.
Сатри 5:
Дар шаҳрҳои [[Бухоро]], [[Самарқанд]], [[Хуҷанд]], [[Истаравшан]], [[Ҳисор]] касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар [[Бухоро]] дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.
 
Дар заргарӣ амалҳои [[рехтагарӣ]], [[кандакорӣ]], [[ҳаккокӣ]], [[заробӣ]], [[сайқалдиҳӣ]], [[ҳаллоҷӣ]] ([[тунуккунӣ]]), [[ҳалдавонӣ]] ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани [[нуқра]]ю [[тиллотило]]ро дар [[Бухоро]] ''«гаҳбандӣ»'' меномиданд. Фулузи интихобшударо бо [[болға]] дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як [[усто]] барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд. Омехтаи дигар фулузот бо [[тиллотило]] натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тилловутилову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тиллоитилои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тиллоитилои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тиллоитилои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи [[нуқра]] бо [[мис]] низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.
Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тиллотило, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра;
 
аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо;
 
аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.
 
Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тиллотило), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.
Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоротилоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.
 
==Маҳсулоти заргарӣ ==
Заргарони тоҷик дар ороиши маснуоти заргарӣ аз [[муҳра]]ҳо васеъ истифода мебурданд.
[[Муҳра]]ро дар Бухоро гаварса ва ё зағирак меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тилловутилову нуқраи дорои иёри баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кириё ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва пасон дар ороиши гӯшвору зеби гардан ба кор мерафт. Барои истеҳсоли муҳраи навъи аъло ҳар кадом муҳраро дар алоҳидагӣ месохтанд. Дар пораи ангишти аз чӯби дарахт тайёршуда, чуқурчае кофта, ба он сим мегузоштанд ва ангиштро ба рӯйи лахчаи оташ ниҳода, бо даҳандам – лӯлачаи махсуси мисӣ онро пуф карда, ҳаво медоданд, то ки оташи он аланга гирад. Вақте ки сим об мешуд, бо анбӯр ангиштро гирифта, ба зарфи обаш хунук меандохтанд. Дар як лаҳза қатраи хӯла сард ва сахт шуда, ба муҳра табдил меёфт.
Барои истеҳсоли миқдори зиёди муҳраҳо сими хӯларо дар зарфи ба оташ тобовар (маъмулан дар бӯта) об карда, сипас ба оби хунук қатра-қатра мечакониданд. Қатраҳо шаклҳои муҳраҳои гирдачаи нуқрагӣ ё тиллоиротилоиро мегирифтанд.
 
Баъзе заргарони Бухоро ба сохтани [[танга]]ҳо низ машғул мешуданд. Тангаҳоро дар устохонаи дарбор тайёр мекарданд, ки он корхонаи танга ном дошт. Барои тангасозӣ асбоби махсус, ба монанди лӯлаи металлӣ, қолибҳои матндору нақшдор истифода мешуд. Ба лӯлачаи як тарафаш баста, пораи металлро андохта, ба дарунаш тири оҳанинро гузошта, аз болояш бо болға мекӯфтанд.
Сатри 27:
 
[[Ҳалқа]] – ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт.
Гӯшворҳое, ки то охирҳои асри ХIХ дар Ҳисор истифода шудаанд, инҳоянд: гӯшвори Муҳаммадӣ, ки он аз Бухоро оварда мешуд; гӯшвори сеғузагаи аз нуқра, ё тиллотило сохташуда, ки почакҳои он бо марҷон оро дода мешуданд; гӯшвори зирак, ки аз фулузи нуқра сохта мешуд; гӯшвори саригӯшии аз нуқра сохташуда, ки ба гӯшвори оддӣ хеле монанд буда, бо он фарқ мекард, ки бо занҷираи зебо ва сангҳои гуногун ороиш меёфт. Инчунин бисёр гӯшворҳо ба монанди якадур, гӯшворҳои қафасин, қубадор, сепочина, панҷпочина ва балдоқ аз тиллотило сохта мешудаанд.
 
[[Ангуштарин]] – бештар аз нуқра тайёр карда шуда, дар байни аҳолии шаҳри Ҳисор чун ороиши асосӣ дар истифода буданд. Тибқи ақидае, бояд ҳар як зани мусулмон дорои якто ангушттарини нуқрагин бошад, ки гӯё он нишонаи «ҳалолии дасти занон» ҳисоб мешудааст. Ангушттаринҳо бо як ё дуто нигин ороиш дода мешуданд. Нигинҳои ангуштаринҳо бештар аз сангҳои рангаи фирӯза, сердолик, анора, лаъл интихоб мешуданд.
Сатри 37:
[[Пешовез]] – зевари пеши барро барои арӯсон аз нуқра бо қубаҳои кандакоришуда тайёр менамуданд, ки ин қубаҳо аз ду тараф сӯрохии сӯзангузар доштанд. Пешовезро аз матоъи сиёҳ ба шакли шероз то 1м дарозӣ, ва барашро 20 см бурида, аз ду тарафи ин матоъ кубаҳоро мечаспониданд ва бо тугмаҳои садаф қатор-қатор пешовезро оро медоданд.
Намунаҳои маснуоти ороишии тавсифшуда дар осорхонаҳои шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ то ба имрӯз нигаҳдорӣ мешаванд. Дар давраи муосир ҳам санъати заргарии тоҷикон рушду такомул дорад. Дар давраи шӯравӣ заргарон дар корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ кор мекарданд ва як қисми маснуоти сохтаи онҳо ба хориҷ аз ҷумҳурӣ содир мешуд. Имрӯзҳо низ маҳсулоти заргарӣ дар ҳудуди кишвар талаботи зиёд дорад. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.</ref>
== Адабиёт ==
* Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе: 2006. – С. 277-302.
== Нигаред низ ==
* [[Бофандагӣ]]
* [[Рехтагарӣ]]
* [[Бӯта]]
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
== Пайванди беруна ==
* [http://www.odamvaolam.hol.es/ Одам ва олам. Заргарӣ .html]
 
[[Гурӯҳ:Тарзи истеҳсолот]]
[[Гурӯҳ:Касбҳои куҳан]]