Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х тилло на, тило! using AWB
Сатри 41:
[[File:Boris and Gleb Church (silver) rv.png|alt=Тангаи хотиравӣ|left|frameless]]
Баъди Инқилоби февралии соли 1917 Комитети Миллии Белорус (дертар Радаи Бузурги Белорус ном гирифт) бо талаби додани мухторият дар ҳайати Республикаи Россия баромад кард. Шӯрои депутатҳои коргариву солдатӣ дар шаҳрҳо ва лашкарҳо тарғибот мебурданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар мавзеъҳои аз сипоҳиёни олмонӣ озоди Белоруссия барқароркунии ҳокимияти шӯравӣ шурӯъ гардид. 3 январи 1918 Шӯрои Съезди умумибелорусӣ Кумитаи иҷроияи съездро таъсис дод, ки он дар бораи ташкил шудани Республикаи Халқии Белорус қарор қабул кард. Баъди имзо шудани Аҳдномаи сулҳи Брест (15 март) бо Олмон ва иттифоқчиёнаш дар Съезди умумироссиягии Советҳо, ки мувофиқи он қисми зиёди ҳудудҳои ба Россия ҳамроҳшуда ба Белоруссия мегузашт, Шӯрои Съезди умумибелорусӣ 25 март оиди аз Россия чун давлати озод ва соҳибистиқлол ҷудо шудани Белоруссия Грамотаи уставӣ қабул кард. Ин замон сипоҳиёни Олмон қариб тамоми ҳудуди Белоруссияро ғасб кард (забткорӣ то охири соли 1918 идома дошт). [[1 январ]] [[1919]] Белорус — Республикаи Советии Сотсиалистии Беларуссия эълон шуд ва ҳукумати муваққатии он ба Минск кӯчид. Баъди эътироф шудани истиқлолияти Белоруссия [[27 феврал]]и [[1919]] Республикаи муттаҳиди Советии Сотсиалистии Литваю Белоруссия ташкил шуд. Дертар қисми зиёди заминҳои Белоруссияро сипоҳиёни Полша тасарруф карданд. Дар ҷанги байни давлати Шӯравию Полша (1920) ва озод кардани Минск, [[31 июл]]и [[1920]] РСС Белоруссия барқарор шуд. Мувофиқи аҳдномаи дар Рига ба имзорасидаи соли 1922 Белоруссияи Ғарбӣ ба ҳайати Полша ворид карда шуд. 30 декабр 1922 ҶШС Белоруссия чун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Солҳои 1924 – 26 бо қарори Комитети Иҷроияи Умумироссиягӣ 15 уезди мансуби губҳои Витебск, Гомел ва Смоленск, ки аҳолиашон асосан белорусҳо буданд, аз ҳайати РСФСР бароварда ба Белоруссия баргардонда шуданд. Армияи Сурх сентябр 1939 Белоруссияи Ғарбиро ба ҶШС Б. ва кишварҳои Вилно ва Виленро озод карда ба Литва дод.
Солҳои баъдӣ Белоруссия рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар ибт. [[ҶБВ]] (1941–45) ҳудуди ҶШС Белоруссияро лашкариёни фашистӣ пурра забт карданд ва дар тамоми мамлакат ҷанги партизанӣ авҷ гирифт. Наздики 200 бригада, 1100 отряди партизанӣ бо душман муборизаҳои шадид мебурданд. Дар ҷанг шаҳрҳои Минск, Брест, Витебск, Могилёв, боз 209 шаҳри хурди дигар, 9200 деҳа харобу ба хок яксон ва 2,5 млн аҳолии мамлакат қурбон шудаанд. Наздики 300 ҳазор аҳолӣ, 70 дарсади говҳо ба Олмон ронда ва ҳазорон трактору мошинҳо ба он ҷо интиқол дода шуданд, тамоми саноат ва 74 дарсади фонди манзилӣ хароб гардид. Нақши бузурги Белоруссия дар мубориза бо фашизм ва натсизми Олмон буд, ки ҶШСБ, яке аз давлатҳои муассиси СММ гардид. Тибқи шартномаи байни Полша ва Иттиҳоди Шӯравӣ (18 августи 1945) 17 ноҳияи вил. Белосток бо марказаш ва 3 ноҳияи вилояти Брест ба Полша дода шуд. Баъди ҷанг барқароркунии босуръати мамлакат ба роҳ монда шуда, иқтисодиёти Белоруссия чун қисми таркибии маҷмӯи ягонаи хоҷагии халқи ИҶШС рушд кард. 20 дарсади трактору мототсиклҳо, 10 дарсади дастгоҳҳои филиззбурӣ, нахи сунъӣ ва нуриҳои маъданӣ, 22 дарсади нахи катон, 15 дарсади картошка, 6 дарсади гӯшти дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшавандаро Белоруссия таъмин мекард. 27 июли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Белоруссия оид ба истиқлолияти давлатӣ Декларатсия қабул кард. [[19 сентябр]]и [[1991]] ҶШС Белоруссия Республикаи Беларус ном гирифт.
 
==Сохти давлатдорӣ==
Сатри 59:
== Бахшбандии кишварӣ ==
{{асосӣ| Вилоятҳои Белорус}}
[[Белорус]] дорои 6 [[вилоят]] аст, ки онҳо инчунин аз ноҳияҳои тобеи шаҳрҳо ва вилоятҳо иборат мебошанд. Ҷамъи ҳамамаи ноҳияҳои вилоятҳо — 118, шаҳрҳои тобеи вилоят — 10. Шаҳри [[Минск]] воҳиди алоҳидаи маъмурӣ мебошад ва ба ягон вилоят дохил намешавад.
 
{| class="wikitable sortable" style="text-align: center;" width="100%"
Сатри 129:
==Қувваҳои мусаллаҳ==
[[File:Su-27UBM Radom 2009 chalger.JPG|alt=Су-27-и Белорусӣ|thumb|283x283px|Су-27-и Белорусӣ]]
Қувваҳои мусаллаҳи Белорус аз сипоҳиёни хушкигард (43,5 ҳазор нафар), қувваҳои ҳарбӣҳавоӣ (22,5 ҳазор нафар, якҷоя бо лашкариёни мудофиаи зиддиҳавоӣ) ва диг. сохторҳои ҳарбикунонидашуда: сипоҳиёни сарҳаддӣ (12 ҳазор), сипоҳиёни дохилӣ (11 ҳазор) иборат аст. Дар ихтиёри худ техникаи гуногун: танкҳо (1724 адад), мошинҳои зиреҳпӯш (1500), силоҳи артиллерӣ (1465), ракетаҳои идорашавандаи зиддитанкӣ, комплексҳои ракета­вӣ, системаҳои реактивии оташфишон, самолётҳои ҷангӣ (230), чархболҳо (60), воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, авиабазаҳо (дар Барановичи, Витебск, Магулише) дорад. Белорус узви [[Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ|Ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ]] мебошад.
 
==Ҷозибаҳои гардишгарӣ==
Сатри 138:
 
== Варзиш ==
Нахустин мусобиқаҳои варзишӣ оид ба велосипедронӣ, футбол, гӯштини юнонию римӣ, гимнастикаи варзишӣ дар Белоруссия охири асри 19–аввали асри 20 гузаронида шудаанд. Солҳои 20 асри 20 варзиши сабук, волейбол, шамшербозӣ ва лижаронӣ инкишоф ёфтанд. Варзишгарони Белорус аз соли 1952 дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ баромад карда, соҳиби 130 медал (65-тоаш тиллотило) гардидаанд. Варзишгарони Б. Л. Петрик, О. Корбут, СОЛИ Бочинская, В. Шербо (гимнастикаи варзишӣ), АСРИ Медвед (гӯштин), Б. Болшаков, АСРИ Дохляков (велосипедронӣ), Е. Карстен, В. Парфёнович (қаиқронӣ). Н. Багров, В. Макаров (дзюдо), В. Волчков, Н. Зверева, М. Мирний (теннис) чемпионҳои чандкаратаи ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ шуданд. Дар Белорус футбол, баскетбол, гандбол, намудҳои варзиши зимистонӣ (биатлон, лижаронӣ, фристайл, тирпаронӣ), аспдавонӣ, бокс, намудҳои панҷбаҳра, намудҳои техникии спорт, кикбоксинг, дзюдо, каратэ, ушу, бадминтон, бриҷ, кӯҳнавардӣ низ тараққӣ кардаанд. Дар пойгоҳи варзишии «Рубичи» чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо гузаронда мешаванд.
 
==Маориф==
Сатри 179:
{{ИИЕ}}
{{Аврупо}}
 
[[Гурӯҳ:Давлатҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Давлатҳои Аврупо]]