Антарктида: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х тилло на, тило! using AWB
Сатри 14:
|Крупнейшие города = неформальной столицей является станция [[Мак-Мердо (антарктическая станция)|Мак-Мердо]]
}}
'''Антаркти́да''' ({{lang-el|ἀνταρκτική}} — [[қитъа]], [[материк]] дар қисми марказии [[Антарктика]].
 
Қариб пурра дар доираи Қутби Ҷанубӣ воқеъ буда, фақат қисми шимолии нимҷазира Антарктида ва баъзе минтақаҳои канории Антарктидаи Шарқӣ аз ин доира берунанд. Антарктида нисбат ба Қутби Ҷанубӣ ғайрисимметрӣ хобидааст. Антарктида аз ҷиҳати географӣ ба ду қисм тақсим мешавад: Антарктидаи Шарқӣ ва Антарктидаи Ғарбӣ. Антарктидаи Ғарбӣ дар шакли нимҷаз. камбари дароз ба самти Шимол тӯл кашидааст. Нуқтаи шимолтарини Антарктида (димоғаи Сифре дар нимҷазираи Антарктида) то 63°13<sup>′</sup> арзи ҷанубӣ расида, аз қитъаи наздиктарин — Америкаи Ҷанубӣ дар масофаи 1200 км воқеъ гардидааст. Атрофи Антарктидаро уқёнусҳои Атлантик, Ором ва Ҳинд (бо 11 баҳр) иҳота кардаанд; канораҳои ба Антарктида наздики онҳоро Уқёнуси Ҷанубӣ меноманд. Масоҳати Антарктида 14 млн км<sup>2</sup> (1,6 млн км<sup>2</sup>-и он аз пирях ва ҷазираҳои шелфӣ иборат аст; ин ҷазираҳоро пиряхҳо ба материк пайвастаанд). Баландии миёнаи Антарктида 2300 м аст ва аз ин рӯ он баландтарин қитъаи олам ҳисоб мешавад.
Сатри 27:
 
== Сохти геологӣ ==
Қисми зиёди материк (Антарктидаи Шарқӣ)-ро платформаи токембрийи Антарктида ташкил медиҳад, ки онро кӯҳҳои нисбатан ҷавон иҳота кардаанд. Қабати поёниаш аз гнейсҳои протерозой ва архей, варақсангҳои кристаллӣ, магматит ва гранитоид иборат аст. Дар ин қабат ҷинсҳои кристаллии қадимтарини қишри замин кашф шудаанд, ки синнашонро 4 млрд сол муқаррар кардаанд. Қабати мобайнии платформа аз таҳнишастҳои давраи протерозой — оҳаксанг, регсанг ва конгломерат; қабати болоӣ аз америт, варақсангҳои лойдори давраи палеозой ва мезозой (давраҳои аввали яхбандии Антарктида — 300 ва 150 млн сол пеш) иборат аст. Ин қабат боқимондаҳои наботот (аз ҷумла чӯб) ва ҳайвоноти баҳрӣ дорад, ки дар ин ҷо то давраи чорумин, яъне то ба вуҷуд омадани «сипар»-и яклухти яхбандии антарктикӣ мавҷуд будаанд. Платформаи Антарктида иборат аз системаи мураккаби тарқишҳои қишри замин буда, ягона вулқони фаъоли қитъа — Эребус ба он мансуб аст. Ҳудуди Антарктидаи Ғарбиро минтақаи чиндори андӣ ишғол кардааст. Дар Антарктида конҳои ангишт, нефт, оҳан, мис, тиллотило, сурб, руҳ, графит ва минералҳои берилл, булӯри кӯҳӣ ошкор гардидаанд, вале онҳоро бо сабабҳои иқтисодию сиёсӣ истихроҷ намекунанд (мувофиқи Аҳднома оид ба Антарктика тамоми фаъолияти ба захираҳои табиӣ равонашуда, ғайр аз таҳқиқоти илмӣ, манъ аст).
 
== Релйеф ==
Сатри 41:
Олами набототи Антарктидаро ушна, гулсанг, обсабзҳо, замбӯруғҳо ва ғайра ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноташ низ хеле камбағалу якранг аст. Дар ин ҷо ҳашароти қанотдор, ширхорҳои хушкигард ва моҳиҳои обҳои ширин вонамехӯранд, танҳо якчанд намуди буғумпойҳо ва бактерияҳо дучор меоянд. Аз парандагон асосан пингвин, мурғи тӯфон, моҳихӯраки шимолӣ ва белпойҳо бисёранд. Антарктида аҳолии муқимӣ надорад. Дар қитъа ва ҷазираҳои наздисоҳилии он 45 маркази тадқиқотӣ ва пойгоҳҳои давлатҳои гуногун ҷойгиранд. Дар баъзе пойгоҳҳо шаҳракҳои барои зисти дарозмуддат ҷиҳозонида ҳастанд.
== Кашфи қитъа ==
Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819 — 1921) бо роҳбарии [[Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен| Ф. Ф. Беллинсгаузен]] ва [[Лазарев Михаил Петрович|М. П. Лазарев]], ки Антарктидаро январи 1920 кашф намуд, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Аз ин пеш вуҷуд доштани қитъаи (материки) ҷанубиро (лотинӣ Terra Australis) тахмин мекарданд ва аксаран онро бо [[Америкаи Ҷанубӣ]] (масалан, дар харитаи соли 1513 тартибдодаи Пири-Реис) ва ё [[Австралия]] (номи лотиниаш далолат мекунад) якҷо медонистанд. Ҳамин экспедитсия вуҷуд доштани қитъаи шашуми оламро тасдиқ кард. Ибтидои асри 20 тадқиқотчиёни Қутб — англисҳо Р. Скотт (1901 — 1904, 1910 — 1912) ва Э. Шелтон (1907 — 1909), норвегӣ Р. Амундсен (1910 — 1912) аввалин шуда ба Қутби Ҷанубӣ расиданд; австралиягӣ Д. Моусон (1911 — 14) ва дигарон ба ноҳияҳои дохили материк сафарҳо карданд. Аз соли 1928 омӯзиши Антарктида бо ёрии самолётҳо оғоз ёфт; америкоӣ Ҷ. Уилкинс (1928 — 1930), англис Л. Элсуорт (1935, 1938 — 1939), америкоӣ Р. Бэрд (1929 — 1931, 1933 — 1935, 1939 — 1941, 1946 — 1947) дар ин бобат ташаббус нишон доданд. Тадқиқоти нави Антарктида дар давраи сеюмини Соли байналхалқии геофизикӣ (1957 — 58) вусъат ёфт. Дар ин муддат доир ба омӯхтани Антарктида корҳои бузурге анҷом дода шуда, пойгоҳҳои махсуси илмӣ таъсис ёфтанд. Дар омӯзиши Антарктида саҳми экспедитсияҳои антарктикии советӣ бузург аст. Сеяки соҳилҳои Антарктидаро олимони советӣ тадқиқ карда, бештар аз 200 объекти номаълумро дар харитаи қитъа қайд намуданд.Иттифоқи Советӣ то миёнаи солҳои 80 асри 20 дар омӯзиши Қутби Ҷанубӣ мавқеи назаррас дошт ва ҳоло Федератсияи Русия ин мавқеъро аз даст надодааст. Айни ҳол азхудкунии Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷа дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
== Экспедитсияи аввалини Тоҷикистон ба Антарктида ==
Экспедитсияи аввалин ва расмии Тоҷикистон ба Антарктида (дар ҳайати экспедитсияи илмию тадқиқотии Русия) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 587 аз 30 ноябри 2007) аз 29 октябри 2008 то 24 майи 2009 дар шахси профессор Абдулҳамид Қаюмов сурат гирифтааст. Дар бахши иқлимшиносӣ ин муҳаққиқи тоҷик якҷоя бо мутахассисони Институти Арктика ва Антарктикаи Агентии метеорологияи назди Вазорати ҳифзӣ табиати Русия дар омӯзиши мавзӯи глобалии тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити атроф, ба пиряхҳо ва мутобиқшавии инсон ба ин тағйирот машғул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Натиҷаи ин тадқиқот чун модели дақиқи омӯзиши тағйирёбии иқлим эътироф шудааст ва чунин омӯзиш дар шароити лабораторӣ имкон надорад. Дастовардҳои ин экспедитсия ба шароити иқлими Тоҷикистон, пиряхҳо ва мавзеъҳои яхбастагии доимии он татбиқ хоҳад шуд. Дар қитъаи шашуми олам партавфишон будани Парчами давлатии Тоҷикистон боиси ифтихор аст ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад. Оид ба таърихи тадқиқоти Антарктида ва низоми байналмилалию ҳуқуқии Антарктида нигар низ [[Антарктика]].