Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
х имлои ҳарфи Ӯ using AWB
Сатри 31:
== Зиндагинома ==
15 апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон шудааст.
Пайрав Сулаймонӣ [[9 июн]]и соли [[1933]] дар Самарқанд аз олам даргузашт.<ref name="Пайрав Сулаймонӣ">[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
 
== Эҷодиёт ==
Аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғ. мисоли онанд. Устод [[Садриддин Айнӣ]] намунаҳои ашъори Пайравро ба [[Намунаи адабиёти тоҷик|«Намунаи адабиёти тоҷик»]] (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon name="Пайрав Сулаймонӣ] <"/ref>
Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд, ки мутолиаи шеърҳои «Як қурбонии кӯчаи буржуозии Аврупо», «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон», «Ба тахтнишин», «Сарват ва меҳнат», «Мужда бод, зинда бод Ҳаштуми Март!» ин даъворо собит мегардонанд.
Ҳикояи «Гуландом» намунаи беҳтарини осори мансури ӯст.
Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори «Шашпардор» интишор ёфтаанд.
«Муфаттиш»-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.
Як даста шеърҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon name="Пайрав Сулаймонӣ] <"/ref>
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад. Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав Сулаймонӣ, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17-солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.
 
Сатри 258:
Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро маҳз ҳамин нусхаро Пайрав Сулаймонӣ ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст: Дар архив се дастнависи шеър «Кай гуфтаамат?!» бо матлаи Кай гуфтаамат, партави базмидигарон бош?
Эй шӯъла, ба сӯзи дили мо ҳам нигарон бош? маҳфуз аст. Дар нусхаҳои якум ва дуюм зерсарлавҳае мавҷуд буда, қисми аввали он хат зада шудааст ва қисме, ки хонда мешавад, ин аст:«…ҳини сафари Тошкандашон».
Маълум мешавад, ки ин шеър ба касе бахшида шудааст. Фақат аз дафтарчае, ки Пайрав Сулаймонӣ ба дӯсташ Саъдуллоҷон тақдим кардааст, маълум мегардад, ки ин шахс Абдурауфи Фитрат будааст. Дар зери сарлавҳаи ин шеър навишта шудааст: «Ба бародари мӯҳтараммуҳтарам Фитрат ҳини сафари Тошкандашон». Қарибони Пайрав Сулаймонӣ баъди чун душмани халқ ҳабс шудани Фитрат номи ӯро хат задаанд.
То ин дам маълум набуд, ки шеъри «Оҳанги тор» ба дӯсти Пайрав Сулаймонӣ – навозанда, сароянда, ҳунарпеша ва кинорежисёри шӯравии тоҷик Ғуломризо Баҳор (бародари Мулк Баҳор) бахшида шудааст. Фақат дастнависи шоир ба муайян намудани он имкон дод.
Дар охир мехоҳам ба як иштибоҳе, ки дар матбуот доир ба таърихи эҷоди шеъри «Ҳол ва Мозӣ»-и Пайрав рух додааст, равшанӣ андозанд.
Сатри 265:
Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри дуввуми Пайрав Сулаймонӣ «Ҳол ва Мозӣ»-ро истиқбол кардааст. Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри «Ба духтари Чингиз» навишта шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст. Пайрав Сулаймонӣ ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:
<blockquote>
«Истиқболи марҳамати шоиронаи мудири рӯзномаи «Фикри озод» (Машҳад) ҷаноби адиби мӯҳтараммуҳтарам Мирзо Али Акбар (Гулшан) шеъри ҳақиронаи «Ҳол ва Мозиро».Он чи ки дар ин мақола баён гардид, баъзе хулосаҳо ва чанд мисол аз он бори муҳиме, ки ҳангоми таҳияи куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ анҷом дода шуд.
</blockquote>
Инак, ҳоло мехоҳем доир ба сохтори куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ чанд сухан гӯем.
Сатри 293:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]]