Фарқият байни намунаҳои "Беморхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд"

х
→‎Кардиология: имлои ҳарфи Ӯ using AWB
х (→‎Кардиология: имлои ҳарфи Ӯ using AWB)
Хоҷаев И. духтури дараҷаи олй ва Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷомеаи меҳнатй, кормандони сохтори тандурустии вилояту ҷумҳурй, алалхусус, байни аҳолй мақом ва обрӯю эътибори хосеа пайдо кардааст.
Пизишкон ӯро “муаллим”, “устод” мегӯянд ва дар ҳақиқат, аксарияти дилшиносони беморхонаи дилшиносии вилоят шогирдони ин марди донишаш Худодода мебошанд.
Хонандагони мӯҳтараммуҳтарам! Хоҷаев Иброҳим хатмкардаи мактаби рақами №20 (ба номи Ломоносов)-и шаҳр буда, дар раванди таҳсил дар Донишкадаи тиббй донишҷӯи аълохон, ташкилотчй, гирандаи стипендияи ленинй буда, рӯзҳои холигиаш дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи Роҳи оҳани ш. Душанбе ба ҳайси бародари шафқат кор кардааст.
Пас аз гирифтани унвони номзади илми тиб ба зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанди бостонй омада, аз соли 1984 инҷониб ба ҳайси мудири шӯъбаи эҳёи беморхонаи кардиологии шаҳр кор мекунад. Борҳо мушоҳида кардам, ки ба назди шогирди мактабиам даромадан осон набуд. Куҳансолону ҷавонон барои маслиҳат ба утоқи кори дилшиноси номии вилоят интизорй мекашанд. Ин хеле хуб аст. Кошкй ба қабули дигар табибон чун Хоҷаев И. касалҳо оянд. Сиру асрори серкории Хоҷаев И. дар он аст, ки аз болои дониши худ кор мекунад, бо беморон чун бародар, падар, самимона муносибат мекунад. У касалиро не, шахси беморшударо бо суханҳои “тиллоӣ” табобат мекунад. Беморон бо умеди оянда бо дилпурӣ а аутоқи дилшинос Иброҳимҷон баромада мераванд.
Ин шӯъба аст, ки бемор дар дами марг мехобад. Духтур рӯзро рӯз, шабро шаб нагуфта, пеши роҳи маргро мегирад. Бемор аз нав зинда мешавад. “Мотор”-и ӯ аз нав ба кор медарояд. Рагҳоихунрав кушода мешаванду қалби бемор мунтазам кор мекунад. Дар назди дару беруни дар, дар роҳравҳои беморхона ёру дӯстой, фарзандону тифлакон интизори фарзанди ҳуд, падару бобои худ ҳастанд. Ва вақте сухан аз забони дилшинос мешунаванд, ки бемори шумо аз марг наҷот ёфт, сиҳат мешавад, дӯстони бемор “як курта ғӯшт мегиранд”, дар лабонашон табассум пайдо м;ешавад. Ин дастони мӯъҷизакори дилшинос нест магар? Ин бахту шодии мардум нест магар?