Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
мусавварсозӣ
х имлои ҳарфи Ӯ using AWB
Сатри 4:
[[Акс:Sarazm-3.jpg|thumb|Саразм, намои умумӣ|409x409px]]
 
'''Шаҳркадаи [['''Саразм]]'''''' — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ [[Осиёи Миёна]] мебошад. Дар болооби [[зарафшон]] чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.
== Кашфи Саразм ==
{{аввали иқтибос}}«Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос [[Абдуллоҷон Исҳоқов]] барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад». {{охири иқтибос|сарчашма={{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}} }}
 
== Номгузорӣ ==
Номгузории [[Саразм]] аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.<ref name="tajik-cities">{{cite web|url=http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html<|title= tajik-cities|author= |date=|publisher=www.sogdianapamir.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги [[Осиёи Миёна]] — [[Зарафшон]], дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. [[Панҷакент]] ва 45 км дуртар аз ш.[[Самарқанд]] ҷойгир аст.<ref>{{cite web|urlname=http://www.sogdianapamir.tj/"tajik-cities"/sogd-region/penjikent.html<|title= tajik-cities|author= |date=|publisher=www.sogdianapamir.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.
 
Сатри 18:
== Ҳафриёт ==
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд.
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва [[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки [[31 июл]]и [[соли 2010]] ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии [[ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref name="www.unesco.tj">{{cite web|url=http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А.Т. Пликова, У. Эшонқулов, А.Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г.Р. Каримова, Ш.Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А.Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд.Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К.К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.<ref>{{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Сатри 29:
Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
 
Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯътамадмуътамад, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мудаъи шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқикоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша билкул ботил аст. Саразм шаҳр аст на деҳот.
Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор будааст. Ҳамчунин бозёфтҳои Саразм либосҳои пашмӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди кургошиму қалъагӣ ки истакону зарфҳо, мӯҳр аз он омада мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Синони пайкон, ки аз сангу мису биринҷ бо тароҳҳои гуногун сохта шудаанд, аз гароиш доштани мардуми онвақта ба шикор гувоҳӣ медиҳад. Аммо бо мурури замон ҳине ки чорводорӣ рушд мекунад, шикор ба хобби табдил меёбаду бас, ки то ҳол маъмул аст.
 
=== Маликаи Саразм ===
[[Акс:National Museum of Antiquities in Dushanbe 01.jpg|thumb|Бозмондаҳои "Маликаи Саразм" дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон, Душанбе]]
Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади "Маликаи Саразм" мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих [[Саидмурод Бобомуллоев]] маълумот дод.
 
Бино ба гуфти ӯ {{аввали иқтибос}} қабри малика соли 1983 кашф гардид. Баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шуд, ки ин бону 23-сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантметр мебошад. Малика барои он гуфтем, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир малика гуфтанд.{{охири иқтибос|сарчашма={{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}} }}
Сатри 63:
 
== 5500-солагии Саразм ==
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[21 сентябр]]и [[соли 2001]] (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон - [[Абдуллоҷон Исҳоқов|А. Исҳоқов]] , А. Раззоқов, [[Раҳим Масов|Р. Масов]], Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ҳамчун "маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик" ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref>{{cite web|urlname=http://"www.unesco.tj"/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
== Нигаред ==
Сатри 85:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Ёдгориҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Гурӯҳ:Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"