Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х имлои ҳарфи Ӯ using AWB
No edit summary
Сатри 4:
[[Акс:Sarazm-3.jpg|thumb|Саразм, намои умумӣ|409x409px]]
 
'''Шаҳркадаи '''Саразм'''''' — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ [[Осиёи Миёна]] мебошад. Дар болооби [[зарафшон]] чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.
 
== Кашфи Саразм ==
{{аввали иқтибос}}«Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос [[Абдуллоҷон Исҳоқов]] барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад». {{охири иқтибос|сарчашма={{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}} }}
 
== Номгузорӣ ==
Line 20 ⟶ 21:
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва [[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки [[31 июл]]и [[соли 2010]] ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии [[ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref name="www.unesco.tj">{{cite web|url=http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А.  И.  Исҳоқов, М. Исоқова, А. Т.  Пликова, У. Эшонқулов, А. Р.  Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р.  Каримова, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. Т.  Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К. К.  Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.<ref>{{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
Дар Саразм олимони машҳур  — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт  — Петербург) Ю.  А.  Заднепровский, Ю.  Ф.  Буряков  — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар  — доктори илм­ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров  — аъзо  — корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б.  А.  Литвинский  — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р.  М.  Мунчаев — муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б.  И.  Маршак  — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт  — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р.  М.  Масов  — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден  — бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Руссия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.<ref>{{cite web|url=http://sugd.tj/index.php/tj/component/content/article/80-makolaho/12510-sarazm|title=Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад|author= |date=|publisher=www.sugd.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
== Таърих ==
Line 33 ⟶ 34:
 
=== Маликаи Саразм ===
[[Акс:National Museum of Antiquities in Dushanbe 01.jpg|thumb|Бозмондаҳои "«Маликаи Саразм"» дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон, Душанбе]]
Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади "«Маликаи Саразм"» мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих [[Саидмурод Бобомуллоев]] маълумот дод.
 
Бино ба гуфти ӯ {{аввали иқтибос}} қабри малика соли 1983 кашф гардид. Баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шуд, ки ин бону 23-сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантметр мебошад. Малика барои он гуфтем, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир малика гуфтанд.{{охири иқтибос|сарчашма={{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}} }}
Модар будани "«маликаи Саразм"» собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шаббаххо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Сафедаву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Аммо бино бар ривоятҳо арвоҳи маликаи саразм баъзан — баъзан шабона дар шаҳристон сайр мекунад. Инро ба кофтуковҳо рабт медиҳанд.
 
=== Саразми бостон ===
Line 48 ⟶ 49:
Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин мӯҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест.
 
Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он ум ки начандон ҷуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст.
Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд.
Тавассути Саразм, ба гуфтаи бостоншиносон, Роҳи Бузург Лоҷувард мегузашт. Ин роҳ асоси яке аз роҳҳои машҳури Роҳи бузурги абрешимро аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон ташкил дод.
 
Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд.
Line 57 ⟶ 58:
 
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.<ref>{{cite web|url=http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html|title=Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина|author= |date=|publisher=www.safina.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Тибқи гуфтаи бостоншиносон дар он замон (ҳазорсолаи IV-IIIIV—III пеш аз милод) Роҳи Бузурги Лоҷувард аз Саразм мегузашт. Баъдтар, дар ибтидои пайдо шудани шаҳрҳои аввалини Осиё, ин роҳи корвонгузар тӯл кашид. Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов қайд кард, ки ин роҳ баъдтар яке аз роҳҳои машҳури Роҳи абрешим аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон гардидааст.<ref>{{Cite web|url=https://tj.sputniknews.ru/radio/20170821/1023119390/arkheolog-drevniy-sarazm-pogubila-zasukha.html|title=Археолог: древний Саразм погубила засуха|author=Sputnik|publisher=tj.sputniknews.ru|lang=ru|accessdate=2019-01-19}}</ref>.
 
== Сабабҳои таназзули Саразм ==
Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки сабаби хуруҷи мардум аз Саразм хушксолӣ буд. Дар охири ҳазораи 3-уми пеш аз милод офатҳои экологӣ ба баъзе қисматҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасониданд.
Line 63 ⟶ 65:
 
== 5500-солагии Саразм ==
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[21 сентябр]]и [[соли 2001]] (таҳти №  391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон - — [[Абдуллоҷон Исҳоқов|А. Исҳоқов]] , А. Раззоқов, [[Раҳим Масов|Р. Масов]], Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ҳамчун "«маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик"» ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref name="www.unesco.tj"/>.
 
== Нигаред ==
* [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]]
 
== Адабиёт ==
* Исаков А. Саразм. — Душанбе, 1991.
* Раззоков Ф.  А.  Саразм. — Душанбе, 2009
* Раззоков Ф.  А.  Строительные комплексы древнеземледельческого поселения Саразм в IV–IIIIV—III тыс. до  н.  э.  — СПб.: Невская Книжная Типография, 2016.  — 248 с.
 
== Пайвандҳо ==
Line 78 ⟶ 81:
* {{cite web|url=http://sadoimardum.tj/i-tisod/i-timoiyot/sarazm-vatani-avvalin-mu-andisoni-osiyoi-miyona/|title=Саразм — ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна|author= |date=|publisher=www.sadoimardum.tj|accessdate=2020-01-26}}
; ба забони русӣ:
* [http://mirtv.ru/content/view/69171/51/ МТРК «Мир»: Городище Саразм в Таджикистане объявлено историко-археологическим заповедником]
* [http://www.advantour.com/rus/tajikistan/penjikent/sarazm-settlement.htm Пенджикент — Поселение Саразм]
; ба забони инглисӣ:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"