Китоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
х ислоҳ using AWB
Сатри 12:
тараққиёти хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад.
Дар замонҳои қадим дар рӯйи санг, чӯб, сафол, мису биринҷӣ, баргҳои дарахтони нахл, устухонҳо ва ғайра аз одамон дастнависҳо боқӣ мондаанд, ки ба китоб мансубият доранд. Аввалин дастнависҳои папирусӣ
дар [[Мисри Қадим]] ёфт шудаанд, ки ба ҳазораи 4-3-юми то милод мансубанд. Дар асри VI бори якум ксилография
(асбоби махсуси китобчопкунӣ) ба кор даромад. Асри XI бо ёрии литери (қолибчаҳои) махсус (аз гилу чӯб тайёр карда мешуд) чоп карданро ҷорӣ намуданд. Асри XIV дар Корея бо ёрии литерҳои фулузӣ китобчопкунӣ ҷорӣ шуд,ки барои такмили минбаъдаи интишори китоб ёрӣ
расонд. Китобҳои [[Юнони Қадим]], ки ба асри IX то милод тааллуқ доранд, дар папирус навишта шудаанд. Дар [[Рим]]
Сатри 18:
Аврупо дар китобчопкунӣ аввал аз папирус ба варақҳои яклухт, баъд ба пергамент (пӯст) ва ниҳоят ба коғаз гузашт. [[Авесто]] ҳам аввало дар пергамент (асри 1 то милод) навишта шудааст. Дар Аврупои асримиёнагӣ китобҳо мазмуни динӣ дошта, ба забони лотинӣ чоп мешуданд.
Назар ба баъзе маълумотҳо дар [[Самарқанд]] асри VIII китобҳои коғазӣ ёфт шудаанд. Вобаста ба китобнависӣ хаттотӣ,
муқовабандӣ барин касбҳо пайдо мешаванд. Асрҳои миёна дар [[Осиёи Миёна]], аз ҷумла, дар [[Ҳисор]] санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон [[Абӯрайҳони Берунӣ]], [[Форобӣ]], [[Ибни Сино]], [[Саъдӣ]], [[Ҷомӣ]], [[Навоӣ]], [[Улуғбек]] ва дигарон аз тарафи хаттотҳо рӯйнавис карда, аз насл ба насл гузаронида мешуданд.
Санъати хаттотӣ дар Осиёи Миёна дуру дароз давом кард. Ҳатто баъди кашфи асбоби китобчопкунӣ ҳам китобҳо бо роҳи дастнавис зиёд карда мешуданд, ки вақт ва меҳнати зиёдеро талаб менамуд. Аз онҳо оммаи васеъ баҳраманд шуда наметавонист.
Дар натиҷаи афзоиши талабот ба китоб ксилография пайдо шуд. Солҳои 40-уми асри XV дар Германия аз тарафи [[Иогани Гутенбург]] (1400-68) ихтироъ намудани воситаи китобчопкунӣ пай дар пай такмил ёфта, ба дигар мамлакатҳо ҳам паҳн шудан гирифт. Соли 1468 дар Чехословакия ва Швейтсария, 1470 дар Фаронса, 1473
Сатри 116:
машғуланд. Дар Тоҷикистон нашрияҳои муқтадири
хусусии “Эр-граф”, “Ганҷ”, “Ҳумо”, ва ғ. ташкил
карда шудаанд. <ref>Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 297 - 299</ref>
Президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояш аз китобхониву китобдорӣ ёловар мешавад. Вай аз зиёиёни кишвар даъват кард, ки ҷавонони тоҷикро ба китобхонӣ ва донишандӯзӣ ташвиқ намоянд<ref>Президент дар бораи Наврӯз, китоб ва минбару масҷид http://www.ozodi.org/content/article/24521775.html</ref>.
 
Сатри 131:
{{Викилуғат}}<references/>
 
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.ozodi.org/content/article/24521258.html Рӯзи китоб. Ҷашни нав дар тақвими тоҷикон]
* [http://www.ozodi.org/content/article/24521775.html Президент дар бораи Наврӯз, китоб ва минбару масҷид]
== Нигаред низ ==
== Ҳамчунин нигаред ==
* [http://kitobam.com/cr/main-cr/Сомонаи Энсиклопедияи Тоҷикӣ kitobam.com]
{{ҷавонахурд}}
 
[[Гурӯҳ:Китобҳо аз рӯи алифбо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Китоб"