Мактабҳои усули нав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB
Сатри 13:
Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо волидайни талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.
Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари [[Туркистон]] сол аз сол меафзуд. [[Абдуррауфи Фитрат]] хоҳиши маорифпарварони Самарқанд – [[Абдулқодири Шакурӣ]], [[Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]], [[Сиддиқии Аҷзӣ]], Сайидаҳмади Васлӣ, Шукруллоҳ Муин, Фахриддини Роҷӣ ва дигаронро ба инобат гирифта, соли 1912 барои толибилмони мактабҳои ҷадид «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар»-ро ҳамчун дастури таълимӣ менависад. Китоби мазкур соли 1914 дар Тошканд чоп мегардад.
Ин достон аз муқаддима, 15 фасл ва хулоса иборат буда, дар он аз боби корномаи фавқулоддаи пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан меравад. «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар» дар баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷавонони имрузаи тоҷик саҳми муносиб мегузорад.<ref name="ReferenceA">Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) – Душанбе, 2006.</ref> Агар соли [[1910]] шумораи мактабҳои усули нав дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли [[1911]] онҳо ба '''68 адад''' расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ - собиқ уезди [[Хуҷанд]], волостҳои [[Панҷакент]], [[Конибодом]] ва [[Исфара]] '''7 адад мактабҳои усули нав''' амал мекарданд.<ref name="ReferenceB">Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.</ref>
 
===Аморати Бухоро===
Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло Чӯрабойи Пирмастӣ (с. 1900) мансуб аст. Вале мактаби ӯ ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амир эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили [[мактабҳои усули ҷадидия]] ягон монеъа намекарданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онњо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариќи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.<name="ReferenceB"/ref>
 
 
'''Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода ([[Мунзим]]) ва [[Садриддин Айнӣ]] дар шаҳри Бухоро''', дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба таҳсил мекард. С.Айнӣ ва [[Мунзим]] сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории [[Бухоро]] такя намудаанд. Онҳо барои аз љиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳақи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарси тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи “мактаби Мунзим” маълум аст.
Дар мактаби М.А. Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо маќсади бартараф намудани ин норасои, с. 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарси “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.<name="ReferenceB"/ref>
 
 
Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси [[Мунзим]], махсус барои калонсолони бухорои, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод.
Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале '''25 сентябри соли 1909''', бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тотори ҳам манъ намуданд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.<name="ReferenceB"/ref><ref>Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010</ref>
 
==Нигаред Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
* [[Мунзим]]
* [[Садриддин Айнӣ]]
Line 33 ⟶ 32:
==Манобеъ==
<references />
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳои беруна ==
*[http://www.tarih.tj/ Таърихи Тоҷикистон]