Меҳр (эзид): Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Парастиши Меҳр (офтоб) to Меҳр (эзид) |
х ислоҳ using AWB |
||
Сатри 1:
'''Парастиши Меҳр (офтоб)''' - митропарастӣ, ақоиди динии қадимаи қабилаҳои ҳиндуориёиҳо, дини расмии шоҳаншаҳони [[Давлати Ҳахоманишиҳо|ҳахоманишӣ]] ва [[Давлати Сосониён|ашконӣ]] буд.
Дар замонҳои қадими тотаърихӣ [[
Митроро дар [[Эрон]]и қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ ([[Ҳурмузд]]) ва бадӣ ([[Аҳриман]]) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри I то мелод ва асри II мелодӣ) пайдо мешавад. Дар [[Арманистон]]и қадим ин калима ба шакли Меҳр – Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар ш. Гарни (асри I мелодӣ) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар ш. Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монавӣ Митро ном дорад. Дар [[Бобулистон]] ва [[Бохтари қадим]] низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст.<ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 368-370
То замони зуҳури [[Зардушт]] ниёкони мо бар он бовар буданд, ки Хуршед (Меҳр, Офтоб) худои бузург аст. Парастиши офтоб дини расмии шоҳаншаҳони Ҳахоманишӣ ва ашконӣ буд. Лозим ба ёдоварист, ки парастиши Хуршед (офтоб), ба шаклҳои гуногун хоси бовариҳои диннии якчанд қавму қабоили рӯйи замин мебошад. Аз ҷумла яке аз қабилаҳои майя, ки дар Амрикои Лотинӣ маскан доранд, то ҳанӯз хуршедпарастиро ихтиёр доранд. Дар аксарияти бовариҳои диннии ҷаҳон эҳтирому ниёиш ба офтоб вуҷуд дорад. Чуноне ки дар [[яшт]]ҳои дини зартуштӣ омадааст, Меҳрро низ ситоиш мекардаанд. Дар “Қуръон”-и маҷид низ сурhаи вижае, унвонии “Ашшамс”, ба ситоиши офтоб бахшида шудааст.
Сатри 21:
* Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. – Душанбе, 1986.
== Пайвандҳо ==
<references />
[[Гурӯҳ:Динҳои асотир]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Эрон]]
|