Шаҳри бостонии Панҷакент: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB
Сатри 22:
Чун дигар мардуми соҳибтамаддун яке аз шуғли асосии панҷакентиҳо боғпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Аммо аҷиб он аст, ки даруни шаҳр на ягон дарахт буду на чорво, ба ҷуз ду дарахти муқаддас. Боғу роғро берун аз шаҳр обод мекарданд. Чорвои мардум ҳам берун аз шаҳр парвариш меёфт. Аз боқимондаҳои қубур бармеояд, ки шаҳр дорои системаи ягонаи канализатсия мебошад. Ҳарчанд шаҳр дар баландӣ ҷойгир аст, аммо тавассути қубур зери замин то маркази шаҳр об оварда мешавад ва аз чоҳҳои махсус, ки дар чанд ҷойи шаҳр вокеъ аст, об ба боло бароварда мешавад. Аз чи бошад, ки қалъаи ҳокимнишин ва идораҳои назорати берун аз шаҳр ҷойгир шудааст. Деваштич ба шаҳр тавассути роҳи вижа ворид мешудааст. Аз бозёфтҳои худоҳои ҳархела маълум мегардад, ки бозоргонӣ дар шаҳр роҳат будааст ва мардум аз ҳар канору гӯшаи дунё савдо мекарданд. Ва барошон шароит муҳайё шудааст, то ҳар кас парастиши дини худ кунад.
 
Ба зиндагии осоиштаи мардуми Панҷакенти бостонӣ ибни Кутайба - лашкаркаши араб хотима гузошт. Баъди тасхир кардани [[Самарқанд]] ба Панҷакент лашкар мефиристад. [[Деваштич]] муқовиматро беҳуда дониста, ба халқаш дуо мегӯяду Панҷакентро ба араб месупорад. Ҳоло бархе аз олимон чунин меангоранд, ки [[Деваштич]] дар нишеби умраш ба ислом гаравидааст.
 
Суғдихо аз дастовардҳои тамадуни халқҳои бузурги замони хеш огаҳ будаанд. Аз ин лиҳоз дар фарҳанги эшон ҷузъҳои фарҳанги мардуми ғайрро аз ҷумла Руму Ҳиндуро дучор омадан мумкин аст. Аммо санъату фарҳанги суғдҳо бо вижагии сабк, услуби нотакрор ва ҷузъҳои тафовутпазир аз маданияти дигар халқҳо фарқ мекунад.
 
Бозёфти Панҷакенти кӯҳна барои таърихи Тоҷикистон дастоварди беназир аст, чунки нигораву ёдгориҳо адабиёт, фолклор, расму ойини гузаштаи халқи тоҷикро инъикос мекунад ва боз як далелест барои ғуруру ифтихор!<ref> [http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина]</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳо ==
==Пайвандҳои беруна==
* [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]]
 
[[Гурӯҳ: Ёдгориҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мавзеъҳои сайёҳии вилояти Суғд]]
[[Гурӯҳ: Панҷакент]]