Рубоби қашғарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) Рубоби қашғарӣ |
х ислоҳ using AWB |
||
Сатри 1:
[[File:Musical instruments Rubabs and Dutars in Tajikistan.JPG|thumb|Созҳои мусиқӣ: рубоб ва [[дутор]] дар Тоҷикистон]]
Дар байни ин созҳои рубоб
Баъди солҳои 60-уми асри 20 як зумра соҳибкорони соҳибкасб ва навозандагони касбии бо маҳорат рӯи саҳна омаданд: Муҳаммадҷон Мирзоев, Сулаймон Тахалов, Қобилҷон Усмонов, Тоҳирҷон Раҷабӣ, (Ӯзбекистон) [[Одилҷон Назаров]], Ҳикмат Нарзуллоев, [[Ҷӯрахон Обидов]] (Обидпур), Мустафоқул Муртазоев, [[Маҷнун Баротов]], Абдуразоқ Муҳамадов, Ворис Абдураҳмонов, Абдураҳмон Матхолов (Тоҷикистон) дар сози нодир шогирд тайёр намуда, рубобро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Профессор [[Ҷӯрахон Обидпур]] бори аввал дар ҷумҳури соли 1975 дар рубоби қашғарӣ барномае дар ҳаҷми як шӯъба (45-50 дақ) тайёр намуда консерт дод ва шогирдонаш низ кори ӯро идома доданд. [[Рубобнавозон]] дар озмунҳои навозандагони созҳои халқӣ байни ҷумҳуриявӣ минтақавӣ иштирок варзида ғолиби озмунҳо гардидаанд: Хушвақт Улмасов (боку 1986), Фатҳулло Файзуллоев (Бишкек 1975), Абдураззоқ Нормуҳаммадов (Душанбе 1986), Абдураҳмон Матхолов (Душанбе 2000) ва ғ. ҳама шогирдони профессор Ҷ. Обидпур мебошанд.
Аз солҳои 60-ум и асри 20 сар карда барои рубоби қошғарӣ як қатор китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона дар [[Тоҷикистон]]у [[Ӯзбекистон]] таълиф шуданд, ки репертуари таълимиву консертии сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд: Ф.Васильев «Школа игры на рубабе» (Ташкент 1963, 1978), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982), «Чаманоро»(1986),»Савтҳои Борбадӣ» (1990), «Этюдҳои хушоҳанг» (1996), «Гулбонги рубоб» (2005), ва ду маҷмӯа бо унвони«Гулбоғи рубоб» (кит 1, 2002, кит.2 2006) Маҷмӯаи «Асарҳо барои рубоб ва фортепиано»-и М. Атоев (Душанбе 2009) , консерт барои рубоб ва оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов, консерт барои созҳои миллии А. Атоев, достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқии М. Бафоев «Хотирот»-пейса барои рубоб ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев фантазия барои рубоб ва оркестри созҳои халқии Х.Абдуллоев. Ду фантазия барои рубоб ва фортепианои Ҷ. Обидпур (дар ҳамкорӣ бо К.Тущинок) ва ғ.
Сатри 17:
{{ЭСТ}}
== Пайвандҳо ==
[[Гурӯҳ:Асбобҳои мусиқӣ аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Созҳои мусиқӣ]]
[[Гурӯҳ:Созҳои мусиқии тоҷикӣ]]
|