Барот Мирзоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
х ислоҳ using AWB
Сатри 1:
'''Барот Мирзоев''' (тав. 12. 03. 1941, деҳаи Шаватки Поёни [[ноҳияи Айнӣ]] – ваф. 2002, ш. [[Душанбе]]), физик, номзади илмҳои физика- математика (1979), профессор (1995).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1959–1964 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1964–1974 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, 1972–1976 аспиранти шӯъбаи ғоибона, 1972–1979 лаборанти калон ва ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва кафедраи методикаи таълими физика, 1979–1982 муаллими калон, 1982–1993 дотсенти кафедра, 1993–2002 профессор ва мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон, солҳои 1979–1980 вазифаи муовини декани факултети физика, 1980–1989 декани факултети физикаи донишкадаи омӯзгориро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1975–1990 дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои телевизионӣ, намоишҳои илмию оммавӣ барои мактабиён тавассути телевизион саҳм гирифтааст. Оид ба аҳамият ва мавқеи масъалаҳои сифатӣ дар таълими физика ва дигар масъалаҳои таълими физика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 140 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 40 номгӯи онҳоро васоити методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Ӯ узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Маърифат», узви Шӯрои ҳамоҳангсози илмҳои педагогии Вазорати маорифи Тоҷикистон ва раиси Шӯрои илмию методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буд.
Сатри 5:
Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) сарфароз гардидааст.
Ас.: Салом физика, Д., 1984; Супоришҳои программавӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991; Ҳалли масъалаҳо аз физика. Қ. 1-5 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998.
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
*
 
[[Гурӯҳ:Риёзишиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]