Сафарбек Раҳимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳ using AWB
Сатри 27:
'''Сафарбек Раҳимов''' (тав. 4.03.1947, деҳаи Садоҳои ноҳияи Сарихосор), биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007), дотсент (2000).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]] таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1971– 1972 лаборанти калон, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]] буд. Солҳои 2000–2006 дар вазифаи мудири боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶТ фаьолият намудааст. Солҳои 2006–2007 дар докторантураи назди Боғи марказии ботаникии сибирии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия таҳсил намудааст. Соли 2008 муовини директори Институти ботаникаи АИ ҶТ оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2009 инҷониб ҳамчун декани факултети биологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] фаъолият мекард. Ҳоло профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.<ref>{{Cite web|url=http://journalism.tnu.tj/index.php/2016-10-08-16-53-01/2016-10-08-16-53-52/mudiri-kafedra|title= кафедраи ботаника, Сафарбек Раҳимов |author=|website=www.philol.tnu.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-05-31}} </ref>
== Фаъолияти илмӣ==
Муаллифи зиёда аз 55 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои биоморфологияи намояндагони флораи нимсаванни Помиру Олой, махсусан растаниҳои бегонаи заҳрнок, алафдарав ва доругӣ фаро гирифтаанд. Дар доираҳои илмӣ ӯро ҳамчун биоморфологи баландихтисос этироф менамоянд. Бо ташаббуси ӯ соли 2008 як гурӯҳ биоморфологҳои Боғи марказии ботаникии сибирии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия барои ҳамкории илмӣ ба Тоҷикистон омаданд ва шартномаи ҳамкорӣ оид ба таёр намудани мутахассисон бо Институти ботаникаи АИ ҶТ баста шудааст, ки натиҷааш қабул намудани аспиранту докторантҳо ва тайёр намудани мутахассисони ватанӣ мебошад.
Сатри 44:
* Численность и возрастной состав ценопопуляций термопсиса длинноплодного в условиях Вахшского и Гиссарского хребтов // Известия АН Республика Таджикистана, Отд. биолог и мед. наук №2(171);
* Назарияи академик Н.И.Вавилов оиди марказҳои пайдоиши растаниҳои маданӣ, Д., 2010.
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
*
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Биологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]