Австралия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Хок ва наботот: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
Сатри 51:
 
== Хок ва наботот ==
Австралия олами набототи махсус дорад. Тақрибан 75%-и (аз 12 ҳазор 9 ҳазор) намуди растаниҳорустаниҳо эндемианд, яъне растаниҳоерустаниҳое, ки танҳо дар Австралия мерӯянд. Қисми зиёди Австралияи Ғарбӣ аз биёбонҳои регзору санглох (биёбонҳои Калони Регзор, Виктория, Гибсон) иборатанд ва дар онҳо фақат гиёҳҳои хӯшадор мерӯянд. Шӯрзаминҳою заминҳои бӯрхок ва бӯри сурхчатоби нимбиёбонҳоро бештар хорбуттаҳои зич (скрэбҳо) фаро гирифтаанд. Баробари афзудани боришот канораҳои нимбиёбонҳо ба минтақаҳои саваннаю бешаҳои тунук табдил меёбанд, ки хокашон сурх, дорчинии сурхчатоб ва дар Шарқ тирахоки тропикианд. Канорҳои материк (ба ғайр аз Ғарб) бешазор буда, дар Шарқ ва Шим. Шарқ бешаҳои тропикии ҳамешасабз (бо омехтаи набототи хоси ҳиндумалайӣ), ҷанубтар аз 26° арзи ҷанубӣ бешаҳои субтропикӣ вомехӯранд. Хоки бешаҳо турш ва бӯри хокистарии бешагӣ аст; хоки сурх ва зард низ вомехӯрад. Бешаҳо (асосан эвкалипт) қариб 6%-и масоҳати Австралияро пӯшидаанд. Эвкалипт чӯбаш сахт аст ва аз он равған, моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Саваннаҳою бешаҳои сирак чун чарогоҳ истифода мешаванд. Дарахтҳои суккулентӣ – сероби обгина ё суроҳишакл мерӯянд, ки решаҳояшон аз 10 то 30 м чуқур рафта, обро меҷаббанд ва ба фазо паҳн мекунанд.
 
== Олами ҳайвонот ==