Нафт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х →‎Пайдоиши нафт: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
Сатри 73:
Масъалаи табиати генетикӣ ва шароитҳои пайдоиши нафт то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар ин бора ду ақида — фарзияи пайдоиши ғайриорганикӣ ва органикии нафт вуҷуд дорад. Соли 1866 химики франсавӣ М. Бертло тахмини дар қаъри замин дар натиҷаи ба металлҳои ишқорӣ таъсир кардани оксиди карбон (IV) ва соли 1871 химики дигари франсавӣ Г. Биассон ақидаи ҳангоми таъсири ҳамдигарии об, С0<sub>2</sub> ва H<sub>2</sub>S бо оҳани тафсон пайдо шудани нафтро баён карданд. Соли 1877 Д. И. Менделеев фарзияи пайдоиши минералии (карбидии) нафтро пешниҳод намуд. Солҳои 50—60 асри 20 боз як қатор олимони советӣ (Н. А. Кудряв­сев, В. Б. Порфирев, Г. Н. Доленко ва дигарон) ва хориҷӣ (англис Ф. Хойл ва дигарон) фарзияҳои пайдоиши кайҳонӣ, вулконӣ ва магматогении нафтро пешниҳод карданд.
 
Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 муайян гардидани фаъолияти оптикии нафт ва алоқаи он бо моддаи органикии сапропелии ҷисҳои таҳшинӣ барои донистани генезиси нафт роли муҳим бозид. Фарзияи сапропелии пайдоиши нафтро, ки солҳои 1904—1905 бори аввал ботаники немис Г. Потопи баён карда буд, минбаъд олимони рус Н. И. Андрусов, В. И. Вернадский, И. М. Губкин, Н. Д. Зелинский ва дигарон инкишоф доданд. Соли 1934 дар нафт асфалту ангишт ва порфиринҳое, ки ба таркиби молекулаи хлорофилл ва дигар пигментҳои табиӣ дохиланд ва солҳои 50 дар таҳшинии обанборҳои гуногун (кӯл, баҳр, уқёнус) карбогидридҳои таркиби нафт кашф карда шуданд. Манбаи асосие, ки аз он нафт ҳосил мешавад, боқимондаи ҳайвонҳои гуногун (асосан планктон) ва растаниҳорустаниҳо мебошанд, ки якҷоя бо ҷинсҳои таҳшинӣ омехта шуда, моддаҳои органикии сапропелӣ ҳосил мекунанд. Ин моддаҳо ба зонаи нафтҳосилшавӣ (ҳудуди болоии ин зона аз 1300 м то 3000 м) расида, дар зери таъсири ҳарорати (50° С ва аз он ҳам зиёд) ба табаддулоти химиявӣ дучор мегарданд. Молекулаи мураккаби онҳо вайрон шуда, карбогидридҳои газшакл, моеъ ва сахт ҳосил мекунанд. Дар чуқурии боз ҳам зиёдтар ин просесс бештар авҷ мегирад. Аз рӯи ин маълумот мавқеи тарафдорони фарзияи пайдоиши органикии нафт зоҳиран мустаҳкам аст. Вале солҳои охир фарзиян пайдоиши ғайриорганикии нафт бо тадқиқоти нав тақвият ёфта, ҳуқуқи мавҷудият пайдо кард. Олимони украин фишору (15 ҳазор атм) ҳарорати баланд (1400°)-ро истифода бурда, аз карбо­ну гидрогене, ки дар таркиби карбиди волфрам мавҷуданд, даҳҳо карбогидридҳои таркиби нафт (метан, этап, пропан, бутан ва ғайра)-ро ҳосил намуданд. Мутахассисони Институти ге­ология ва геохимияи сарватҳои сӯзандаи АФ РССУ таҷрибаҳои зиёде гузаронида. исбот намуданд, ки на фақат карбиди металлҳо, балки ҳар як моддае, ки дар таркибаш карбон (моддаи биогенӣ, карбонатҳо, карбонатитҳо, дуоксиди карбон) ва гидро­ген (об, асосҳо ва ғайра) дорад, дар шароити муайяни термодинамикӣ карбон ва гидрогени барои ҳосил шудани карбогидридҳои нафт зарурро дода метавонад. Нафт дар чуқурии аз 500— 3000 м. (қисми зиёди он) то 6000— 7000 м дучор мешавад. Қабатҳои нафтдори Замин ба ҳамаи доираҳои гео­логӣ мансуб аст. Аммо захираи асосии он ба давраҳои девон, юра, табошир ва ғайра рост меояд.
 
== Конҳои нафт ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Нафт"