Озмоишгоҳи агрокимиёи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х →‎Фаъолияти озмоишгоҳ: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
Сатри 4:
Соли [[1973]] бо мақсади мукаммал гардонидани раванди таълим дар сохтори омодасозии мутахассисони агрокимиё ва хокшинос дар назди кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" зери роҳбарии профессор А.М. Мешеряков таъсис дода шуд. Минбаъд соли [[2009]] дар заминаи ворид сохтани таҷҳизоти замонавии озмоишӣ азнавсозӣ карда шуда ба талаботи замони муосир баробар карда шуд.Тӯли солҳои мавҷудият озмоишгоҳи агрокимиёро профессорон Мешеряков А.М., Ҷумонқулов Ҳ.Ҷ., Эшонов И.Э., дотсентон Додоев Р.Д., Боймуродов Р.Б. ва Ҳотамов М.Т. роҳбарӣ кардаанд.Дар озмоишгоҳ кулли натиҷагирии корҳои илмии устодони кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" амалӣ карда мешавад. Солҳои охир дар озмоишгоҳ раванди ба замона мувофиқ кардани корҳои илмӣ дар соҳаи агрокимиё, тайёр кардани биокомпостҳо муташаккил ба роҳ монда шуда истодааст.
== Фаъолияти озмоишгоҳ ==
Дар озмоишгоҳ маҷмӯи ташхисҳои кимиёвии хок, растанӣрустанӣ ва нуриҳои маъданӣ, органикӣ, сидералӣ аз қабилӣ: ташхиси нитроген ва фосфори умумӣ дар таркиби растанӣрустанӣ ва хок, миқдори гумус, аммоний ва нитрат дар хок, фосфори ҳаракаткунанда ва калии ивазшаванда дар таркиби хок, ташхиси бофтагии растанӣрустанӣ, миқдори NPK ва дигар микроунсурҳо дар таркиби нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, муайян кардани pH (муҳити хок) дар маҳлули обӣ ва амсоли ин гузаронида мешавад.
Ҳамчунин дар озмоишгоҳи агрохимия ташхис ва баҳодиҳии хусусиятҳои физикии хокҳо (массаи ҳаҷмӣ, массаи хос, масоманокӣ, сохтори агрегатӣ), дараҷаи намакнокӣ (боқимондаи хушк, ионҳои Cl-, SO42-, HCO3-, Ca2+, Mg2+, Na+ (анионҳо ва катионҳо)) ва хусусиятҳои обии хок (намиғунҷоиш, обгузаронӣ, қобилияти обро ба боло бардоштан) гузаронида мешавад.
Вазифаи асосии озмоишгоҳ аз расонидани кӯмаки илмию амалӣ ба мутахассисони ҷавон дар кори ба роҳ мондани таҷрибаҳои илмӣ, гузаронидани дарсҳои илмию таълимӣ озмоишӣ, омӯзонидани равандҳои гузаронидани ташхисҳо иборат аст. Дар заминаи озмоишгоҳ оид ба мавзӯъҳои мухталифи илмии марбут ба ташхиси хок, растанӣрустанӣ ва нурӣ 5 рисолаи докторӣ,беш аз 25 рисолаи номзадӣ ва бештар аз 50 рисолаи дипломии мутахассис ва магистрон омода гардида то дараҷаи ҳимоя расидаанд.
 
== Эзоҳ ==