Алафҳои бегона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Мафҳум: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
 
Сатри 4:
 
== Мафҳум ==
Мафҳуми алафҳои бегона шартист. Macалан, [[юнучқа]], ки алафи хеле пурқимат аст, дар киштзори гандум алафи бегона мебошад. Дар олам беш аз 5 ҳазор намуди алафҳои бегона маълум аст. Дар Тоҷикистон 600—650 намуди алафҳои бегона мерӯяд. Дар водиҳои ҷумҳурӣ 300 намуди алафҳои бегонаро ба қайд гирифтаанд, ки 74 намуди онҳо ба рушду инкишофи зироат халал мерасонад, масалан, [[аҷириқ]], [[ангури сагак]], [[банги девона]], [[курмак]], хоралаф, матинҷ, [[най]], [[печак]], саломалайкум, хори морак, хурфа, [[қӯноқ]], [[ғумой]] ва ғайра алафҳои бегона ба шароити сабзишу нумӯи растаниҳоирустаниҳои мазрӯъ мутобиқ гардида, ҳамроҳи онҳо месабзанд, ҳосилро паст намуда, ба иҷрои корҳо халал мерасонанд; намии хок, моддаҳои ғизоӣ ва гази карбонатро ҷаббида, ҷараёни фотосинтезро суст, хокро аз нури офтоб паноҳ месозанд, ғизогирии микроорганизмҳоро номураттаб мегардонанд. Ҳамзамон, дар боғот алафҳои бегона миқдори энергияи гармиеро, ки хок инъикос мекунад, коҳиш медиҳанд, ба ҳавогирии ниҳолҳо монеъ мешаванд, барои авҷи касалиҳои гуногун шароити мусоид фароҳам меоваранд. Зарари бисёр алафҳои бегона на ба навъу хели растанӣрустанӣ, балки ба зиёд рустани онҳо вобаста аст. Баъзе намуди алафҳои бегона кам рӯянд ҳам, метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд. Macалан, решаи аҷириқ моддаҳое хориҷ мекунад, ки ба рушду инкишофи ниҳолҳо зиён доранд. Алафҳои бегона аз рӯи усулҳои ғизогирӣ ва афзоиш гетеротрофӣ ва афтотрофӣ мешаванд. Ба алафҳои бегонаи гетеротрофӣ алафҳои нимпаразит ва паразит (масалан заҳрпечак) мансубанд. Алафҳои бегонаи автотрофӣ дорои хлорофилланд, ки он қобилияти фотосинтез дорад. Вобаста ба нашъунамо алафҳои бегона яксола, дусола ва бисёрсола мешаванд. Ба алафҳои бегонаи як ва дусола эфемерҳо, алафҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ мансубанд (аз 3 ҳафта то 2 сол умр мебинанд). Алафҳои бегонаи бисёрсола чандин сол нашъунамо карда, ҳар сол мерӯянд, аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешаванд. Алафҳои бегонае, ки бо роҳи нашвӣ меафзоянд, асосан аз [[реша]], решапоя, пиёзак, бехҷаст, лӯнда зиёд мегарданд. Ба боғу токзор хусусан зарари алафҳои бегона и решапоядор ва тирреша калон аст.
 
== Тадбирҳои мубориза ==