Рафаэл Толмасов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
х ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
Сатри 34:
Рафаэл Михайлович Толмасов [[24 феврал]]и [[соли 1923]] дар шаҳри [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад.
Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе таҳсил намуда, Техникуми театрии ба номи А. Лоҳутии ш. Тошканд (с.1939) ва Студияи опера ва сайқали ҳунари актёрии назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро (таҳти сарпарастӣ ва устодии Е. И. Прокофйев, с.1940) хатм кардааст.
Ў аз хурдсолӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагӣ дошта, аввалҳо бештар дойра менавохт, баъдтар ба санъати сарояндагӣ рағбат пайдо кард ва дар 10-солагиаш бори нахуст дар спектакли мусиқӣ-драмавии «Наҷот» (оҳангсоз М. Толибов, либреттои М. Бегаев) баромад кардааст. Рафаэл Толмасов аз соли 1940 то кўчиданашкӯчиданаш ба Исроил (солҳои 90-и асри XX) дар саҳнаи [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]] ҳунарнамоӣ намуд.
== Эҷодиёт ==
Оғози ҳунарнамоии расмӣ ва мустақилонааш арияи Нозим аз операи «ШўришиШӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (с.1940) мебошад. Вай дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро карда, санъати баланд ва ҳунари беназирашро ҷилва дод. Як қатор симоҳои офаридаи ўӯ аз тарафи мутахассисони санъати мусиқии шўравӣшӯравӣ ва хориҷ баҳои сазовор гирифтаанд. Хусусан нақшҳои Силвио («Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло, с.1948), Шарплес («Чио-чио сан»-и Ҷ. Пуччини, с.1948), Елеский Онегин («Моткаи қарамашоқ» ва «Евгений Онегин»-и П. Чайковский, с.1949, с.1950), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно, с.1952), Жермон Амонасро («Травиата» ва «Аида»-и Ҷ. Верди, с.1952, с.1954), Сулаймон («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, с.1955), Скарпиа («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, с.1955), Яго, граф ди Лун, Ренато («Отелло», «Трубадур» ва «Бал-маскарад»-и Ҷ. Верди, с.1966, с.1972, с.1985) ва монанди инҳо аз беҳтарин офаридаҳои ин ҷанбаи Рафаэл Толмасов мебошанд. Ў махсусан дар ташаккул ва такмили операи миллии тоҷик хизмати босазо карда, беҳтарин анъанаҳои санъати операи рус ва ҷаҳониро барои офариниши арияҳои миллӣ ба кор бурдааст. Нозим, Шаҳрубон («ШўришиШӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян, с.1945), Собир, Тоҳир («АрўсАрӯс» ва «Тоҳир ва ЗўҳроЗӯҳро»-и А. Ленский, с.1947), ПўлодПӯлодПўлодПӯлод ва ГулрўГулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1956), Салим («Домоди номдор»-и С. Урбах, с.1961), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, с.1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев, с.1970), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. ДўстмуҳаммадовДӯстмуҳаммадов, с.1973), Акбар («РўдакӣРӯдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1976), Раҳимбек, НаврўзбекНаврӯзбек («Сарбозони халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. ДўстмуҳаммадовДӯстмуҳаммадов, с.1984, с.1986) ва партияҳои амсолашон аз операҳои миллии тоҷикӣ намунаи такомули ин навъи санъати мардуми тоҷиканд.
 
Рафаэл Толмасов ҳамчунин сарояндаи хушовози суруду романсҳои оҳангсозони тоҷик буда, ба 16 забони халқҳои собиқ СССР ва шарқи хориҷӣ месароид. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик (с.1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (с.1957) буд. Вай дар саҳнаи театрҳои калонтарини Иттифоқи Шуравӣ – Москва, Ленинград, Рига, Минск, Киев, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Свердловск ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, ба Дания, Англия, Фаронса, Италия, Юнон, Туркия, Тунис (с.1961), Афғонистон (с.1962), Булғория, Чехословакия, Венгрия, Руминия (с.1980) сафарҳои эҷодӣ доштааст.
Сатри 45:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Санъаткорони Тоҷикистон]]