Толиби Омулӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
х ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
Сатри 29:
 
==Зиндагинома==
Толиби Омулӣ аз сухангустарони қарни ёдзаҳуми ҳиҷрист, ки дар диёри Ҳинд шуҳрати тамом ёфта, дар сафи аввалин шоирони аҳди худ қарор гирифта буд. Таваллудаш соли 989-и ҳиҷрӣ дар [[Омул]] иттифоқ афтодааст ва ҳамон ҷо ба таҳсили донишу адаб пардохта, дар айёми ҷавонӣ ба шеъргўӣшеъргӯӣ оғоз мекунад. Ҳудуди соли 1010-и ҳиҷрӣ аз Омул ба [[Исфаҳон]] ва аз он ҷо ба [[Кошон]] сафар кардааст.
Шоир пас аз Кошон ба [[Машҳад]] ва аз он ҷо ба [[Марв]] ба хидмати Бектошхон меравад. Хокими мазкур Толибро бо эҳтиром қабул мекунад. Вале шоир ҳамвора дар дил орзуи ба [[Ҳиндустон]] рафтанро мепарварид. Ҳамин тавр баъди ду соли хидмати дарбори Бектошхон соли 1017 ҳ ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, пас аз саргардониҳои зиёд ба [[Қандаҳор]] меояд. Ҳокими Қандаҳор Мирзо Ғозихони Тархон, ки шахси илмдўстуилмдӯсту бомаърифат буд ва худ ҳам шеър менавишт, Толибро ба дарбори худ даъват мекунад. Шоир чанд қасидаи машҳури худро дар васфи ин ҳоким сурудааст. Баъд аз марги Мирзо Тархон соли 1021 Толиб ноилоҷ бори дувум ба Ҳинд сафар мекунад. Муддате дар дарбори ҳокими Гуҷарот хидмат намуда, сипас ба Агра ва аз он ҷо ба Лоҳур меояд. Дар Лоҳур ба суҳбати шоири машҳур [[Шопури Теҳронӣ]] мушарраф мегардад. Бо кўмакикӯмаки ўӯ ба дарбори Ҷаҳонгиршоҳ роҳ ёфта, соҳиби мақому манзалат шудааст. Соли 1028 ба Ҷаҳогиршоҳ мартабаи маликушшуароиро ба ўӯ Толиб сазовор донистааст. Поёни умри шоир ба ранҷурию бекасӣ гузашта, вафоти ўӯ ба соли 1035 ё 1036- и ҳиҷрӣ рост меояд.
==Мероси адабӣ==
Девони Толиби Омулиро тазкиранависон аз 9 ҳазор то 15 ҳазор байт нишон додаанд, вале нусхаи чопии он (Теҳрон, 1346), ки бо кўшишикӯшиши Тоҳирӣ Шаҳоб ба табъ расида, шомили 22968 байт аст. Девони шоирро қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, маснавӣ , ғазал, рубоӣ ва муфрадот ташкил медиҳанд. Қасида ва таркиббанду тарҷеъбандҳояш дар ситоиши ҳокимон, шоҳ Ҷаҳонгир ва ба муносибатҳои гуногун навишта шудаанд. Се маснавии кўтоҳкӯтоҳ бо номҳои «Қазову қадар», «СўзуСӯзу гудоз», «Ҷаҳонгирнома» эҷод намудааст. Бахши аслии девони шоирро ғазал ташкил медиҳад ва гузашта аз он 755 рубоӣ дар мавзўъҳоимавзӯъҳои гуногун сурудааст.
==Намунаи ашъор==
:СўхтамСӯхтам дар оташи савдои хеш,
:Сохтам бо сўзисӯзи ҷонфарсои хеш.
:Болу пар дарбохтам парвонавор,
:Дар ҳавои ёри бепарвои хеш.
:Ман ба роҳи ишқ расвои дилам,
:Дил ба расвоӣ ту шуд расвоӣ хеш.
:Дар фироқи ўӯ таровишҳои доғ,
:Дорадам шарманда аз аъзои хеш.
:Баски дасту по занам дар роҳи дўстдӯст,
:Гоҳ бўсамбӯсам дасту худ гаҳ пои хеш.
:Толиб осоиш намебинам ба хоб,
:Дар зиёни чашми тўфонзоитӯфонзои хеш.
::Шабнами хун хезад аз буму бари гулзори мо,
::Ғунчаи гул ҷўшадҷӯшад аз хори сари девори мо.
::Сад баҳори орзу гулрез гашту оқибат,
::Барнаёмад бўибӯи умеде зи ҳасратхори мо.
::Ишқ маъшуқест, к-аз як ҷилва дар рақс оварад,
::Сабҳаи Ҷабрилро бо риштаи зуннори мо.
Сатри 56:
::Нохуни ғам борҳо ковид тору пуди мо.
::Дар ҷаҳон не мардумӣ кардем, не мардонагӣ ,
::Ним тор аз мўъҷизимӯъҷизи золӣ беҳ аз дастори мо.
::Ноларо дар сина пинҳон дор, ҳон Толиб хамўшхамӯш,
::Қулф макшо аз дари ганҷинаи асрори мо.
 
Сатри 69:
7. Толиби Омулӣ . Куллиёти ашъор.\Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Тоҳирӣ Шаҳоб. – Теҳрон, 1346.
 
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони порсигӯ]]