Шарифҷон Ҳусейнзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: |мукофоту ҷоизаҳо → |ҷоизаҳо using AWB
х ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
Сатри 11:
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг| Душанбе |шаҳри Душанбе }}
|фазои илмӣ =
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе]],[[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]], ПажўҳишгоҳиПажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои филология}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
Сатри 29:
==Зиндагинома==
Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода [[12 апрел]]и соли [[1907]] дар [[шаҳр]]и [[Конибодом]] зода шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳнаи пешазинқилобӣ гирифтааст. Маълумоти миёнаи нопурраро дар Хӯқанд (1923, ба забони узбекӣ) ва маълумоти миёнаи касбии омӯзгориро Омӯзишгоҳи омӯзгории [[Боку]] (1926, ба забони озарӣ) ва маълумоти олии касбиро дар Тошканд соли 1931 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии [[Осиёи Миёна]] (ба забонҳои узбекӣ, тоторӣ ва русӣ) фаро гирифтаааст ва муддате дар ин даргоҳи дониш дарс гуфтааст. Яъне, мавсуф ба забони модарии худ расман таҳсил накардааст. Аммо, баъдан, дар ҷараёни кор дар муассисаҳои илмӣ ва макотиби олии Узбекистон (то соли 1940) ва Тоҷикистон (аз соли 1940 то поёни умр) ба забонҳои гуногун аз роҳи мутолиаи мустақилона донишҳои касбии худро такмил намудааст. Соли 1935 [[аспирантура]]и Донишкадаи [[забон]] ва [[адабиёт]]и [[Тошканд]]ро хатм кардааст.
Соли 1940 ба [[Душанбе]] омада, ба ҳайси устоди [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе]] то соли 1947 , мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи мазкур ва ҳамзамон ходими илмии шўъбаишӯъбаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди ШўравӣШӯравӣ кор кардааст. Солҳои 1947-1948 директори ПахўҳишгоҳиПахӯҳишгоҳи забон, адабиёт, таърих ва бостоншиносии бунёди тоҷикистонии АИ Иттиҳоди ШўравӣШӯравӣ, пас аз он то соли 1958 мудири сектори адабиёти ПажўҳишгоҳиПажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] буд.
Дар соли 1948 дар пойтахти ҷумҳурии мо [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] таъсис гардид. Ба далели он ки яке аз поягузорони ин донишгоҳ Ш.Ҳусейнзода буд, дар таълими адабиёти тоҷик бо мактаби олии мазкур ҳамкорӣ мекард. Кори омўзгорӣомӯзгорӣ, ки мавсуф бо он собиқаи дерин дошт, бар мазоқаш хеле созгор омад. Ў то соли 1984 дар вазифаи мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] софдилона заҳмат кашид. Маҳз дар ҳамин ҷо ба ҳайси забондону суханшиноси мумтоз ва муаллими муаллимони тоҷик обрўвуобрӯву эътибори бузург пайдо кард.
==Эҷодиёт==
Ш.Ҳусейнзода донишмандест, ки баробари навсозиҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони навин бурдборона бо заҳамоти зиёди худомӯзӣ роҳи камолотро паймудааст. Аммо ӯ то охири умр ҳамаи таҳқиқу маводи тадрисашро ба хатти арабӣ менавишт ва шогирдони хоси ӯ онҳоро пеш аз нашр ба кириллӣ баргардон мекарданд. Муаллифи ин сатрҳо низ дар солҳои 80-уми асри гузашта дар ин амр ширкат кардааст.
Сатри 37:
Вай аз оғози фаъолияти илмии адабпажӯҳӣ ва интиқодии худ ба бунлоди назарии таълифоташ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Ӯ муътақид буд, ки бидуни донишҳои назариёти адабӣ таҳқиқи адабӣ сустмоя хоҳад буд. Ба ҳамин сабаб аст, ки ӯ дар соли 1936 бори аввал ба забони тоҷикӣ китоби “Назарияи адабиёт”-ро таълиф кард ва он ба ҳуруфи лотинӣ дар Тошканд ба чоп расида буд (Тошканд, 168 саҳ.). Ш.Ҳусейнзода медид, ки дар солҳои 30-юм дар ҳаёти адабӣ пиромуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, аз ҷумла муносибат ба мероси гузашта, фаъолияти адибони алоҳидаи гузаштаву онрӯза ва асарҳои онҳо муборизаҳои шадиди мафкуравӣ мерафт. Ӯ ҳамчун адабиётшиноси огоҳ диққати ҳамагонро ба масъалаҳои назарӣ, амсоли принсипҳою ҷараёнҳои эҷодӣ, вуқӯъгӯӣ, образнокӣ, тасвирҳои бадеӣ, усули маърифати осори адабӣ ва ғайра ҷалб мекард.
Солҳои 40 ва 50 давраи ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос камол ёфтани Ш.Ҳусейнзода буд. Ӯ тайи ин солҳо як силсила мақолаҳои пажӯҳишию танқидии амиқ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик аз қабили “Дар бораи баъзе камбудиҳои насри имрӯзаи мо” (1940), “Дар бораи баъзе лаҳзаҳои асосии таърихи адабиёти тоҷик” (1946), “Адабиёти советии тоҷик дар давраи баъди ҷанг” (1947), “Доир ба масъалаҳои тараққиёти насри бадеии муосири тоҷик” (1951), “С.Айнӣ ва баъзе масъалаҳои адабиёти советии тоҷик” (1953), “Масъалаҳои танқиди адаби дар адабиёти тоҷик” (1959) ва ғайраро иншо карда, ки онҳо бидуни шак дар таърихи адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик мақоми шоён доранд. Муаллиф дар ҳамин гуна мақолаҳояш гиреҳҳои муҳимми адабӣ аз қабили раванди инкишофи адабиёти тоҷик дар гузашта, даврабандии адабиёти тоҷик, робитаҳои эҷодии адибони аҳди классикӣ ва муосири тоҷик бо адибони халқҳои дигарро ба миён мегузорад. Ҳамчунин дар баъзеи онҳо роҷеъ ба ҳолати ҳамонрӯзаи нақди адабӣ ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар он, мулоҳизаҳои тозаи танқидӣ ва пешниҳодҳои муҳаққиқ ифода ёфтаанд. Албатта онҳо ҷиҳати рушди нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик ҳамчун такони азим хидмат кардаанд. Ш.Ҳусейнзода бо ин ҳама корҳо аз пайи дарёфти дараҷаҳои расмии илмӣ нагаштааст. Дар соли 1953 АИ Тоҷикистон муҳтавои китоби дарсиашро таҳти унвони “Адабиёти тоҷик дар асрҳои X-XV” ҳамчун диссертатсия қабул намуда, аз Комиссияи Олии Аттестатсионии ИҶШС хоҳиш кардааст, ки ба ӯ дараҷаи илмии номзади илми филологияро бидиҳад ва он амалӣ шудааст.
Гуфтани он ҳам баҷост, ки дар соли 1956 китоби якуми «Очеркҳои таърихи адабиёти шўравиишӯравии тоҷик» ва соли 1957 китоби дуюми ҳамин асар ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони русӣ чоп шуданд. Ш.Ҳусейнзода ба ҳайси мудири бахши адабиёти ПажўҳишгоҳиПажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ҷараёни омода кардани китобҳои мазкурро ба ўҳдаӯҳда дошт. Узви ҳайати омодагии чоп буд ва таълифи муқаддима ва қисмати асосии боби адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фасли «Адабиёти шўравиишӯравии тоҷик дар давраи баъди ҷанг» ба қалами ўӯ тааллуқ доранд.
Самараи фаъолияти илмии Ҳусейнзода дар солҳои 60-70 боз ҳам борвартар мегардад. Дар ин давра ӯ мақолаҳои ниҳоят ҷиддию илман асосноки адабпажӯҳиро ба майдон овард, ки масъалаҳои таърихи адабиёти гузашта ва раванди адабии даврони муосирро фаро мегирифтанд. Чунин тарзи бархурд бо адабиёт, яъне дар шакли мақолаҳои гуногунҳаҷм иброз намудани андешаҳои илмиро ӯ то поёни умр идома дод. Онҳо асосан дар чанд маҷмӯаи мақолоти ӯ, аз қабили “Баҳс ва андеша” (Д,1964- 263 саҳ.), “Гуфтор аз ганҷи сухан” (Д,1985- 222 саҳ.) ва “Ангезаи меҳр” (1988-46 саҳ.) чоп ва нашр шудаанд. Мавзӯи мақолоти ин маҷмӯаҳо хеле гуногун аст. Онҳо масъалаҳои мубрами адабиёти форсӣ-тоҷикиро аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ то Айнию Лоҳутӣ, Турсунзода ва соири адибони мозию муосирро фаро гирифтаанд. Ин даст мақолот бар тааммуқу тааммули пурвусъати муаллиф ва тафаккури созандаи ӯ шаҳодат медиҳанд.
Як мушаххасаи сабку равиши таълифоти илмии устод Ҳусейнзода иборат аз он буд, ки андешаҳои худашро доир ба мавзӯъ бевосита, мустақиман баён мекард. Дар навиштаҳои ӯ пургӯиҳои декларативӣ, пафоси тумтароқи иҷтимоӣ ва калкаҳои номатлуби русӣ ба назар намерасанд. Ҳадафнокӣ, мӯҷазбаёнӣ, самимияти баланд, тафаккури амиқу пурпаҳно ва дар айни замон ифодаи равшани матолиб, инчунин парвози хаёли шоирона бар ҳикмати осори бадеӣ аз вижагиҳои умдаи услуби таҳқиқ ва баёни ӯ буданд. Ӯ масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро дар пайванди адабиёти классикӣ ва афкори назарию адабии аҳди классикӣ ба таҳлил мегирифт. Азбаски огоҳии мавсуф дар қиёс бо муҳаққиқони насли калонсоли мо аз низоми афкори назарӣ ва адабию эстетикии салаф бештар буд, дар баробари ба эҷодиёти шоиру нависандогони муосир назари яклухт андохта тавонистан, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои ҳунарии осори онҳо диққат медод, дар сурате ки дигарон, маъмулан, ба баррасии мавзӯи асари бадеӣ нақли мазмун, таҳлили образҳои мусбату манфии он ва дараҷаи ҳушёрии синфии худи эҷодкор бештар саргарм мешуданд. Устод Ҳусейнзода медид, ки пояҳои нақди адабии тоҷик илман тавре ки бояд, устувор нест, биноан, ба танқиди нақд бархост. Барои солимгардонии нақди адабии тоҷик як силсила мақолаҳо, аз қабили “Дар бораи муҳимтарин масъалаҳои танқиди адабӣ”, “Танқиди адабӣ ва ҳаёт”, “Танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ бояд беҳтарин фикру андешаҳоро ифода кунад”, “Дар ҷустуҷӯи маҳорат” ва ғайраро таълиф намуд. Ӯ асолати асари бадеиро дар пайванди мустаҳками тафаккуру образ медид ва кӯшиш мекард, ки таваҷҷӯҳи адибону мунаққидонро ба ҳамин вижагии халлоқияти ҳунарӣ ҷалб намояд.
Мақолаҳои ӯ “Шеъри классикӣ ва масъалаи шеъри нав”, “Сайри таҳаввул ва такомули адабиёти форсу тоҷик”, “Шеъру шоирӣ аз назари Ҷомӣ”, “Андешаи Ҳофиз”, “Гуфтор аз ганҷинаи аллома Абӯрайҳони Берунӣ” ва ғайра фарогири масоили назариёти адабӣ буда, нозуктарин ҷанбаҳои қавоиди расми шоирӣ, тарафҳои дохилию моҳияти шеърро бармало месозанд ва чунин бархурд бо падидаҳои адабӣ бар қудрати тавонои диди муаллиф, фаросати суханшиносӣ ва фикри таҳлилии ӯ далолат мекунанд.
Аз рисолаҳои алоҳидааш «Сухансарои Панҷруд» (1958), «Ҷалол Икромӣ» (1959), «Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985) (ин рисоларо бо ҳамдастии Х.Шарифов таълиф кардааст) ба таҳқиқу таҳлили симоҳои бузурги адабию фарҳангӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо бахшида шудаанд. Ӯ дар асару мақолаҳои таҳқиқиаш ва ҳамчунин дарсҳои таърихи адабиёт роҷеъ ба чеҳраҳои адабии гузашта ҳамеша аз мавқеъи мабдаи инсонсолорӣ ва маърифати миллӣ бархурд мекард. Бинобар ҳамин РўдакироРӯдакиро «Одами шоирон», Фирдавсиро «адлу додхоҳ ва зиндакунандаи забони порсии дарӣ» меномид, Носири Хусравро «шоиру нависандаи башардўстбашардӯст, инсони ҳақиқатҷўҳақиқатҷӯ, донишманди мутафаккир ва дар ақида устувор», Умари Хайёмро «донои доноён», Ҷалолуддини Балхиро «авҷи парвози рўҳрӯҳ ва камоли андеша» ба қалам медод ва ба забон меовард. Саъйи вофир менамуд, то ба кунҳи афкори эшон бирасад ва онҳоро ба дигарон низ бармало созад. Ба донишҷӯён аз назмшиносӣ ва таърихи адабиёти тоҷик ошиқона дарс мегуфт. Доир ба эҷодиёти Ҳофиз, Мавлавӣ, Умари Хайём курсҳои ихтисосӣ мехонд. Асосҳои илмӣ ва методии дарсҳояш бағоят мустаҳкам буданд.
Як ҷанбаи фаъолияти илмии профессор Ҳусейнзода ба чоп омода кардан ва баргардони осори адабии гузаштагон ба алифбои имрўзаиимрӯзаи тоҷикӣ мебошад. Соли 1941 китоби «Лайлӣ ва Маҷнун»- и Алишери Навоӣ ба забони ўзбекӣӯзбекӣ дар таҳияи Ш.Ҳусейнзода ва Амин Умарӣ ба ҳуруфи кириллӣ дар Тошканд чоп шуд (510 саҳ.). «Фарҳод ва Ширин»- и Навоӣ бо таҳрири вай дар Сталинобод соли 1946 рўйирӯйи чоп омад (307 саҳ.).
Устоди мазкур дар соли 1955 «Мунтахабот»- и Камоли Хуҷандиро бо муқаддимаи муфассали илмӣ, ки натиҷаи таҳқиқоти тўлониаштӯлониаш буд, дар Сталинобод интишор кард (135 саҳ.). Соли 1959 «Ашъори мунтахаб»- и Камол дар таҳияи ўӯ бо ҳуруфи форсӣ бо дебочаи хеле мўҷазумӯҷазу пурмўҳтавопурмӯҳтаво ба зевари чоп омад (324 саҳ.). Ва ҳамин нашр як сол баъд бо алифбои кириллӣ ба табъ расид. Нашри оммавии девони Камолро ўӯ бо ҳамкории Н.Қаҳҳорова ва С.Асадуллоев дар ду ҷилд, мутаносибан дар солҳои 1983 ва 1985 ба иҷро расонид, ки қариб ҳамаи ашъори ин шоирро дар бар дошт. Ҳамчунин матни интиқодии девони комили ин шоирро бо ҳамдастии С.Асадуллоев бо ҳуруфи асл дар ду ҷилд омода намуда дар Душанбе чоп кард (1986-1987).
Аз осори Ибни Сино ё мансуби ўӯ китобҳои «Авҷи зуҳал» (ашъори арабӣ ва форсии Ибни Сино бо ҳуруфи асл, ашъори форсии мансуб ба Ибни Сино ба кириллӣ ва қисман бо тарҷума ба забони русӣ) ва «ПирўзиномаПирӯзинома» бо саъйи Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов соли 1980 чоп шуданд. Китоби «Фанни шеър» ҳовии «Фанни шеър»- и Арасту (аз русӣ тарҷумаи Х.Шарифов), «Рисола дар бораи қонунҳои санъати шеърӣ»- и Форобӣ, «Дар бораи санъати шеър»- и Ибни Сино, «Китоби шеър»- и Ибни Рушд, «Дар ҳадди шеър ва таҳаққуқи он»- и Насируддини ТўсӣТӯсӣ низ бо эҳтимоми Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов соли 1985 омода ва чоп шудаанд.
 
Профессор Ш.Ҳусейнзода дар соҳаи адабиёт аз бунёдгузорони китоби таълимии мактаб дар Тоҷикистон буд. Ба ҳамроҳии Ш.Ниёзӣ дар соли 1934 китоби «Адабиёт» барои синфи панҷуми мактабро таълиф кард (266 саҳ.). Аз соли 1943 то муддати зиёда аз чиҳил сол «Адабиёти ватан» дар таълифи ўӯ китоби дарсии синфи ҳафтум буд (369 саҳ.). Аз соли 1950 то соли 1982 китоби вай «Адабиёти тоҷик» (271 саҳ.) дар синфи ҳаштум тадрис мешуд. Китоби таълимии ахир мазомини адабиро аз аҳди қадим то ҳукумати Темуриён мутобиқи тартиби замонӣ фаро мегирифт. Он забони суфтаву ноб ва гуворои тоҷикӣ дошт. Матолиби мундариҷ дар он хонандаро аз донишҳои осон ба душвор ва аз сода ба мураккаб бурда метавонист. Биноан, ҳоло ки он китоб аз тадриси расмӣ берун аст, муаллимони насли калонтари муассисоти таълимоти ҳамагонӣ дар ҳасрати он мондаанд.
Устод Ш.Ҳусейнзода 34 тан равандаи роҳи илмро бевосита тарбият намуда то ба дараҷаҳои номзади илму доктори илм расонидааст. Мактаби илмии ин шахсияти фарзона то имрӯз побарҷост.<ref>[https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=1764579307186519&id=100009034015571 Ш.ҲУСЕЙНЗОДА – МУҲАҚҚИҚ ВА УСТОДИ БУЗУРГИ АДАБИЁТ]</ref>