Абдумалик Баҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: тилло на, тило! using AWB
х →‎Ҷоизаҳо: ислоҳ using AWB
Сатри 35:
Абдумалик Баҳорӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш барои бачагон ва наврасон асарҳо меофарид ва ин корро то охири умраш идома дод. Повесту ҳикояҳои барои бачагон навиштааш дар маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯи моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Себи тило» (1969), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Ҳикояҳо» (1972), «Мулоқот» (1977), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. ҷой гирифтаанд. Мазаммати танбалон, танпарварон, фиребгарону коргурезон ва булҳавасон мавзӯи асосии ҳикояҳои «Садақа», «Роҳи сеюм», «Хати беимзо», «Вақти хуфтан», «Бандаи нафс», «Одами асил», «Номҳои ғалатӣ» ва ғ. гардидаанд. Асарҳои Абдумалик Баҳорӣ ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС тарҷума шудаанд. Тарҷумаи асарҳои Н. Носов «Оилаи хушбахт», «Рӯзномаи Коля Синитсин», «Фитя Малеев дар мактаб ва дар хона», «Саргузашти Нодонхӯҷа ва дӯстони ӯ», «Нодонхӯҷа дар шаҳри офтобӣ», шеъру достонҳои С. Михалков, С. Маршак, асарҳои М. Лермонтов, А. Чехов, К. Федин, А. Сурков, В. Пшавела, масалу ҳикоя ва шеърҳои И. Крилов, Н. Некрасов, Д. Бедний, А. Қаҳҳор, П. Бровка, В. Инбер, С. Абдулло ва дигарон ба қалами Абдумалик Баҳорӣ тааллуқ доранд.
 
== МукофотҶоизаҳо ==
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1957), Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Белорусия сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1984). )<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – {{Душ.}}: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013</ref>.