Рӯзнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳ using AWB
Сатри 1:
[[Акс:NYTimes-Page1-11-11-1918.jpg|thumbnail|Саҳифаи аввали [[Ню Йорк Таймз]]]]
 
'''Рӯзнома''' ({{lang-fa|روزنامه}}), '''газета''', — [[Нашрия|нашрияенашрия]]е аст, ки ба таври мураттаб ва муназзам таҳия, чоп ва пахш мешавад ва бе ҳеҷ қайду шарте дар дастраси мардум қарор мегирад. Рӯзнома на баёния аст ва на иттилоъия ва барои равшан сохтани афкори мардум, балки ба нашри ахбору иттилоот дар заминаҳои гуногун ва интиқоду салоҳандешӣ дар умурӣ умумӣ мепардозад.
 
Рӯзнома ҳар рӯз, ҳафтае як ё якчанд шумора, ё моҳе ду бор чоп шуда, аз воқеаву рӯйдодҳои ҳаёти ҳамарӯза ахбори фаврӣ ва матолиби таҳлилӣ пешкаш менамояд. Рӯзнома аз дигар нашрияҳои чопӣ бо ҳаҷму андозаву ороиши худ фарқ мекунад. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, кооперативҳо, ширкату сохторҳои тиҷоратӣ ва ё шаҳрвандони алоҳида метавонанд муассиси рӯзнома шаванд. Аммо ҷамъоварии маводди нашрӣ, таҳия ва ба чоп тайёр кардани матолиби фарогири рӯзнома ба дӯши шахсони эҷодкор вогузор аст, ки дар идора (редаксия)-и нашрия дар вазифаҳои мухбир, муҳаррир, гузоришгар, шореҳ, суратгир, рассом, ороишгар (дизайнер), мусаҳҳеҳ таҳти роҳбарии сармуҳаррир (муҳаррир) фаъолият мекунанд. Бо тақозои иқтисоди бозаргонӣ ва гароиши матбуоти даврӣ ба майлони тиҷоратӣ, дар рӯзнома ҳоло вазифаи намоянда (агент)-и реклама ва мудири тиҷоратӣ ба як пешаи нави замонавӣ табдил ёфтааст. Зеро ҳоло муштариёни охирин навгониҳои рӯз дар баробари ахбори сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ, ба дастрасии маълумот доир ба барномаҳои телевизион, вазъи ҳаво, бозори асъору коғазҳои қиматнок, хариду фурӯши молу маҳсулот, хидматрасониҳо низ ниёзи бештар дошта, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.
Сатри 46:
Майли сиёсатошноиро ҳамчун падидаи худшиносии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ки солҳои охир аз худ бештар хабар медиҳад, ба мавҷи навбатии рӯйи кор омадани рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии «Азия-плюс», «Имрӯз News», «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Ҷомеа», «СССР», «Пайк» (солҳои 2006–2012) метавон рабт дод. Ҳафтаномаҳои мазкур бо дахолати боҷуръатона ба инъикоси мушкилоти ҷомеа умуман, масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ аз ҷумла, афкори оммаро савқ бахшида, шуури сиёсиро такон дода, мардумро аз панҷараи андешаи «сиёсатқимобӣ» берун кашида, хусусияти ҷамъиятию сиёсӣ доштани рӯзномаҳоро собит мекунанд.
 
Шакли чопи рӯзномаҳо (формат) андоза ё меъёрҳои дар матбаа устуворгардида барои интишори матбуоти даврӣ мебошад. Дар таҷрибаи матбааҳои Тоҷикистон шаклҳои чопи А-2, А-3, А-4 маъмул аст. Ҳаҷми чопи рӯзномаҳо аломати матбуоти даврӣ аст, ки ба каму зиёд фаро гирифтани иттилоот (маълумот) дар рӯзномаи муайян ишора мекунад. Дар Тоҷикистон ҳоло рӯзномаҳо дар ҳаҷми 4 ё 8 саҳифа, бо андозаи А–2 («Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва ғ.), 16 саҳифа («Озодагон», «Нигоҳ» ва ғ.), 24, 32 саҳифа, бо андозаи А–4 («Омӯзгор», «Чархи гардун»), бо ороиши ранга («Тоҷикистон», «Ба қуллаҳои дониш») чоп мешаванд. Ҳаҷми чопие, ки ҳар рӯзнома эълом медорад, метавонад вобаста ба санаитаърихи таърихие ё тақозои бозори реклама тағйир ёбад. Чунончи, рӯзномаи «Факты и комментарии»-и соли 2009 ба ифтихори яксолагиаш як шумораашро дар ҳаҷми 100 саҳифа интишор дода буд ва ё рӯзномаи «СССР», ки маъмулан аз 16 саҳифа иборат аст, моҳҳои охири соли 2011 ва ибтидои соли 2012 бо иловаи 7 саҳифаи реклама, 22-саҳифаӣ ба табъ расид. Аммо ҳаҷми маълумоти дарбаргирифтаи рӯзнома тозагӣ ва сифати иттилоотро ифода намекунад. Мас., ду рӯзномаи 16 саҳифаӣ – «Дайджест-пресс» ва «Озодагон» аз ин назар байни ҳам тафовути бузург доранд.
 
Рӯзномаҳо хушсифат ва оммавӣ мешаванд. Ин ду вижагии рӯзномаҳо зоҳиран тавъам намоянд ҳам, моҳиятан тафовути ҷиддии рӯзномаҳоро вобаста аз усулгароӣ ва собитқадамии онҳо дар самти иҷрои рисолати касбӣ бозгӯ менамоянд. Рӯзномаҳои хушсифат дар фаъолияти эҷодии худ интишори ақидаро муқаддам шумурда, бо такя ба факту далелҳои муътамад ба баррасии ботамкини рӯйдоду воқеаҳо даст зада, вазифаи савқ додани андеша ва ба вуҷуд овардани афкори хонандагонро иҷро менамоянд. Ин навъ нашрияҳо доираи маҳдудтар, аммо омӯзишдидаву интеллектуали ҷамъиятро фаро мегиранд. Рӯзномаҳои оммавӣ бидуни хатти машиӣ пойдор ва барои ҷомеаи хеш муфид, бо маводди сабуки саргармкунанда ва гоҳе ҳангомаҷӯёна доираи муштариёни дар ҷамъият начандон фаъолу соҳибмаълумотро мухотаб қарор медиҳанд ва маъмулан харидори зиёдтар доранд. Мас., рӯзномаҳои англисии «The Times» (бо тиражи қариб 370 ҳазор нусха), «News of the World» (бо тиражи беш аз 4,5 млн нусха) ва тоҷикии «Озодагон» (наздики 3100 нусха), «Оила» (30 ҳазор нусха).
Сатри 76:
{{Новбарӣ}}
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Рӯзномаҳо|Рӯзномаҳо]]