Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Мундариҷа: clean up using AWB
Сатри 3:
 
== Мундариҷа ==
Дар бораи аҳволу осори 135 нафар шоир ва аҳли адаби тоҷик, ки дар охири асри 19 зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот додааст. Афзал Махдуми Пирмастӣ дар таълифи «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» аз асари Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб» истифода кардааст. Инчунин номи 15 шоиреро, ки дар тазкираи Возеҳ набуданд, ба асараш илова намудааст. Дар «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» оид ба тарҷумаи ҳолзиндагинома ва хусусиятҳои ашъори шоирон маълумот кам аст. Муаллиф бештар ба хислатҳои шахсӣ ва сифатҳои зоҳирии шоирон диққат додааст. «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» дар дарбор бо фармоиши амири Бухоро таълиф шудааст, аз ин ҷиҳат муаллиф баъзан дар баҳо додан ба шахсият ва эҷодиёти шоирон яктарафа рафтор кардааст. Ӯ нисбат ба шоирони ҳақиқатхоҳу адолатпарвар назару андешаи бад дорад.
 
== Нусхаҳо ==