Адабиёти илмӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
х →Таърихи адабиёти илмӣ: clean up using AWB |
||
Сатри 2:
== Таърихи адабиёти илмӣ ==
Адабиёти илмӣ решаи қадимӣ дорад. Масалан, асари «Ал-Маҷастӣ»-и донишманди Юнони Қадим Батлимус намунаи беҳтарин аз замони бостон буда, дар асрҳои миёна ба осори донишмандон, хоса табиатшиносону риёзидонҳо таъсири бузург расондааст ва ҳоло ҳам аҳамияти илмиро молик аст. Дар марҳалаи аввал адабиёти илмӣ дар навъҳои рисола, муколама, мулоҳиза, насиҳату ҳидоят, сафарнома,
Рушди илму техника дар асри 20 ва аввали асри 21 дар раванди илмии кишварҳои олам ва сохтори адабиёти илмӣ тағйирот ба вуҷуд овард. Нашри маҷаллаҳои илмӣ, бюллетенҳо, маҷмӯаи тезисҳою мақолаҳо, монографияҳои академикӣ дар фарҳангистонҳо, донишгоҳҳо заминаи Адабиёти илмиро ташкил дод. Ба воситаи маҷаллаҳо, бюллетенҳо, мачмӯаҳои илмӣ ва диг. воситаҳо нашри Адабиёти илмӣ дар тамоми кишварҳои дунё зиёд шуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амал татбиқ мегарданд. Барои пешниҳоди натиҷаи корҳои илмӣ шаклҳои нави истифодаи натиҷаи корҳои илмӣ ба монанди «депонирование» (мустанад) кардани асарҳои илмӣҷорӣ шуд, ки аз ин тариқ асар дар ин ё он маркази иттилооти илмӣ нигоҳ дошта мешавад ва муассиса дар бораи он асари илмӣ маълумот ба табъ мерасонад. Ҳар як соҳаи илм барои омӯзиш ва пажӯҳиши муҳаққиқон натиҷаҳои илмии худро ҳамчун Адабиёти илмӣ дар дастурҳо ва иттилоъномаҳои соҳавӣ ба нашр мерасонад. Дар муассисаи Маркази иттилооти патентӣ-илмии ҶТ корҳои илмии олимони ҶТ маҳфуз аст. Натиҷаи рушди илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар маркази мазкур таҳлил гардида, дар маҷмӯае чоп мешавад.
|