Фарқият байни намунаҳои "Пайрав Сулаймонӣ"

х
ислоҳ using AWB
х (ислоҳ using AWB)
|номи пурра = Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ
|тахаллусҳо =
|санаитаърихи таваллуд = 15.04.1899
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Бухоро|шаҳри Бухоро}}, [[Аморати Бухоро]]
|санаитаърихи марг = 9.06.1933
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Самарқанд}}
|шаҳрвандӣ =
== Тадқиқи архиви адиб ==
 
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаитаърихи таълифи асарҳое, ки таърихи навишта шуданашон номаъълум аст, муайян гардад. Агар дар зери дастнависи шоир санаитаърихи таълиф гузошта шуда бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаитаърихи таълифи ғазали «парешон» на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар «Девон»-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонӣ онро 1918-1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви институт – дар воҳиди ҳифзи 91 зери шеър «Бухоро, 1927» сабт ёфтааст.
Шеъри «Мактуб ба рафиқам» дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1-ро гирифтааст, «Самарқанд, 1933» навишта шудааст. Мо ин санаро ҳамчун санаитаърихи саҳеҳ қабул кардем.
Шеъри дигари Пайрав Сулаймонӣ «Қалам» то соли 1959 ҳам дар маҷмӯаҳои шоир ва ҳам дар асарҳои тадқиқотии адабиётшиносон соли 1928 дониста шудааст. Ва ин дуруст аст. Зеро ин шеър ҳам аз ҷиҳати сабку услуб ва камолоти адиб, ҳам аз ҷиҳати фарогирии мароми сиёсию иҷтимоии Пайрав Сулаймонӣ маҳсули соли 1928 аст, на соли 1920, вале дар «маҷмӯаи осор»-и соли 1959 дар зери ин шеър «Бухоро, октябри соли 1920» навишта шудааст. Ба назари мо ин ҷо иштибоҳан 1920 омадааст ва мураттибу муҳаррир ба он эътибор надоданд. Зеро мураттиби ин маҷмӯа [[Лола Сулаймонӣ]] дар як мақолааш дар бораи қасидаи ҳасбулҳолии «Нишони бенишонӣ» сухан ронда навиштааст:
«Пайрави зиндадилро, ки се-чор сол қабл аз ин «Қаламам умри ҷовидони ман аст» гуфта буд, ба ҳолати маъюсӣ ва ноумедӣ оварданд, ки дар ин қасидаи ҳасбиҳолӣ «нишоне надиҳад ному нишонам» навиштааст».
Муаллифи мақола санаитаърихи таълифи «нишони бенишонӣ»-ро 1930-1931 тахмин кардааст, пас «се-чор сол қабл аз ин» гуфта, соли 1928-ро дар назар дорад. Вале мутаассифона, то охирин маҷмӯаи шоир ин иштибоҳ давом кардааст. Ҳатто танқиди адабӣ ба муҳаққиқоне, ки ин шеърро чун маҳсули соли 1928 таҳлил кардаанд, эрод гирифтааст. Дар як мақолаи роҷеъ ба санаитаърихи таълифи ин шеър навишта шудааст:
«Дар омади сухан бояд гуфт, ки нисбат ба таърихи иншоди шеъри «Қалам» низ ҳамин иштибоҳ ҷой дорад. Иштибоҳан соли 1928 донистани санаитаърихи таълифи ин шеър аз «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (қ. 11, саҳ. 185) сар шуда, баъдан ба нашрҳои гуногуни китоби дарсии «Адабиёти советии тоҷик» низ роҳ ёфтааст. Аслан ин шеър моҳи октябри соли 1920 гуфта шудааст».
Аз ин рӯ, мехоҳем барои исботи ақидаи худ далели боэътимодтаре орем.
Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи Пайрав Сулаймонӣ «Шукуфаи адабиёт», ки худи ӯ таҳия кардааст, санаитаърихи таълифи ин шеър октябри 1928 аст.
 
Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав Сулаймонӣ акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти Пайрав Сулаймонӣ санаитаърихи таълифи шеъри «Қалам»-ро «Октябри 1928» зикр намудем.
Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаитаърихи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.
Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон ''Лола Сулаймонӣ'' мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архиви падар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.
 
Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ маҳорати шоирии ӯро нишон медиҳем, роҳи зиндагии пур аз нишебу фарозии ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст.
Омӯхтани шарҳи шарҳи ҳол ва эҷодиёти адибони охири садаи XIX ва оғози садаи XX назари нави таърихшиносон ва ҷомеашиносонро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра тақозо дорад.
Ҳоло мо мехоҳем танҳо вобаста ба таъйини санаитаърихи таълифи он шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ, ки тоза ба даст омадаанд, баъзе андешаҳои худро иброз намоем.
Шеърҳои интишорнамудаи Лола Сулаймонӣ 5-то буда, санаитаърихи таълифи 3-тои онҳо «Видоия бо рафиқони бухороӣ дар ҳини сафари Эрон», «Ҳол ва мозӣ», ғазале дар ҷавоби оқои Алӣ Акбари Гулшан аниқ аст. Ин шеърҳо соли 1924 дар Машҳад иншо шудаанд. Вале кай навишта шудани ду шеъри дигар «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» ва «Нишони бенишонӣ» маълум нест.
Дар бораи давраи эҷод шудани шеъри «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» Лола Сулаймонӣ навиштааст:
«Шеъри дигаре, ки бо матлаи «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» сар мешавад, аз рӯи гуфтаи амакам Яҳёҷон пеш аз [[Инқилоби Бухоро]] ҳангоми аз таъқиби амир хонанишин шудани Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст, ки дар ҳақиқат муҳити ҳамон замонаро инъикос менамояд».
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба ғорат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.
 
Шояд Пайрав Сулаймонӣ шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаитаърихи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:
 
:Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
Устод Шакурӣ ин шеъри Фитратро таҳлил намуда, аз ҷумла навиштаанд:
«Ин шеър шояд якумин шеъре бошад, ки дар васфи Бухоро гуфта шуда аст. Ин васф ҳам бештар иборат аз суолу ҷавоб аст. Дар адабиёти равшангарӣ вожаи «Ватан» бештар мафҳуми иҷтимоӣ гирифт ва мафҳуми «Модари Ватан» пайдо шуд, ки онро аз шеъри боло мебинем. Ҳисси ватандӯстӣ дар давраи маорифпарварӣ бо шиддат ёфтани муборизаи илмии озодиҷӯӣ зидди имперотурии рус ва гоҳе зидди мустабиддони турки манғит низ то рафт баланд мешуд. Сӯзу гудози мазлумон зери юғи истисмор аз шеъри мазкури Фитрат пуртаъсир шунида мешавад».
Ба андешаи мо ба Бухоро ворид шудани аскарони сурх ва ба вуқӯъ пайвастани он бе сару сомониҳо боиси эҷод шудани шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ гардида, ифодаи он ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи озодиҷӯӣ зидди хориҷиён аст. Лола Сулаймонӣ санаитаърихи таълифи шеъри «Нишони бенишонӣ»-ро 1930-1931 тахмин карда дар ин бора навиштааст:
«Ин қасида маҳсули он солҳоест, ки Пайрав Сулаймонӣ пайдарпай ба фишору танқидҳои муғризонаи чанде ба ном мунаққид дучор шуда буд».
Чунонки Раҳим Ҳошим дар мақолаи «Пайрав ва тозиёнаи танқид» зикр кардааст, дар солҳои 1930-1931 «дар газетаҳо дар нишастҳои адабӣ танқид кардани вай (Пайрав-Х.О.) давом дошт. Ба мунаққидони гаправтар ҳатто муқаддимаи Бектош (муқаддимаи Бектош ба китоби «Шукуфаи адабиёт»-Х.О.) ҳам ноқис менамуд. Онҳо тамғаҳои дабдабаноктар ёфта, ба вай часпонданӣ мешуданд».
:Дар роҳи адам бо қадами тунд равонам.
 
Инак, мо дар тайини санаитаърихи таълифи ин шеър бо Лола Сулаймонӣ мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаитаърихи таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмӣ ворид намудем.
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани нусхаҳои гуногуни дастнависи ҳар як асар ба мо имконият медиҳад, ки таърихи эҷоди он, ба кӣ бахшида шудан, сабаби пайдоиш, дар кадом шароит ба вуҷуд омадани онро муайян намоем.
Ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ аз ин нуқтаи назар масъалаҳои аҷибе пеш омаданд, ки ҳеҷ чашмдори он набудем.
Инак, ҳоло мехоҳем доир ба сохтори куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ чанд сухан гӯем.
 
Куллиёт чунонки арз кардем, тамоми осори то кунун ба табъ расида ва ба табъ нарасидаи шоирро аз бойгонии ӯ дар бар кардааст. Асарҳо аз рӯи навъҳо (назм, наср, номаҳо ва ғайра) тасниф шуда, жанр ба эътибор гирифта нашуда аст. Дар дохили ҳар як навъ, масалан назм, ҳар як асар мувофиқи санаитаърихи таълиф ҷой гирифта аст. Санаи тахминии шеърҳо дар қавсайн оварда шудааст.
 
Асарҳое, ки санаитаърихи таълифашонро муайян карда натавонистем, бахши алоҳидаро ташкил намуда, баъд аз шеърҳои санаитаърихи таълифашон маълум ҷобаҷо гузошта шуданд. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ чун қисми алоҳида баъд аз шеърҳои санаитаърихи таълифашон номаълум оварда шуд, зеро онҳо низ санаитаърихи таълиф надоранд. Шеърҳои нотамом дар охири шеърҳо яъне баъд аз шеърҳои ҳаҷви омадаанд.
Танҳо дар қисми «номаҳо» санаитаърихи таълиф риоя нашудааст. Номаҳо аз рӯи шахсоне ки ба онҳо ирсол шудаанд, танзим ёфтаанд, вале агар ба як шахс як чанд нома фиристода шуда бошад онҳо аз рӯи санаитаърихи таълиф гузошта шудаанд.
 
Асарҳои Пайрав Сулаймонӣ инчунин аз рӯи қоидаҳои имлои имрӯза ба чоп ҳозир шуда, дар байни замон муҳимтарин хусусиятҳои имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд.