Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB
х →‎Таърих: ислоҳ using AWB
Сатри 84:
Кӯлоб аз шахрҳои нисбатан бузурги [[Тоҷикистон]]и имрӯзи, таърихи рангину кадима дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии [[Хатлон]] ([[Хуталл]], [[Хуталлон]]) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихи кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш ва шохони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд. Ин кишвар дар таърих бо аспҳои хушзоти бидови хуб, "аспҳои хатли" ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои [[Хуросон]]у [[Мовароуннаҳр]] будааст.
 
Хатлон бо истихроҷи тиллою намаки худ низ дар таърих шӯҳрати беандоза дошт. Ногуфта намонад,ки яке аз намунаҳои аввалини шеъри дарии форсии точики,ки то ба замони мо омада расидааст,маҳз ба номи Хатлон марбут аст. Табари муаррихи машҳур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи ҳаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани ҳаводиси санаитаърихи 119/737 он китъаро зикр намудааст. Дар соли 737 мелоди сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ба Хуттал ҳуҷум оварда аз Ҳокони турк — Курсугонун мадад мехоҳад. Ӯ ба ёри пеш меояд. Асад аз ин ҳол бохабар шуда ба зуди аз назди Ҷабалу-л мулх (Кӯҳи намак,ки имруз дар Кӯлоб бо номи [[Хоҷа Мӯъмин]] маъруф аст) гузашта ба соҳили дарёи Панҷ мерасад ва аз бисту се ҷои дарё ба гузаштан шуруъ мекунад. Ҳануз убур ба охир нарасида буд,ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо ҳоли табоҳ ба Балх муроҷиат мекунад. «Ана дар ҳамин газоҳо — навишта буд Табарӣ — мардум ба форсӢ ба ӯ чунин гуфтанд:
 
:Аз Хутталон омадия,
Сатри 98:
Баъд аз заволи [[давлати Сомониён]] дар охири асри X Хатлон низ мисли давлатчаҳои дигари ҳамсояи хурд дар тули асрҳои минбаъда борҳо дучори ҳамлаи ақвоми туркнажод гардида, ҳар дафъа баъд аз харобиҳои зиёду қатлу ғорати мардуми Хатлониён боз ба ободонии кишвари худ мепардохтанд. Ҳуҷумҳои карахониҳо, карахитоиҳо, лащкари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, салҷуқиён ва туркҳои маҳаллӣ аз ҳамин қабиланд.
 
Аз ҳуҷумҳои мазкур ду ҷанг боиси харобии нихоят сахти [[Хатлон]] гардидаанд. Яке аз онҳо бо номи шоҳзодаи қарахонӣ — Буритегин ва дигар бо номи Алпарслони салҷуқӣ марбут мебошад. Тибқи маълумоти овардаи соҳиби «Таърихи Байҳақӣ» Буритегини мазкур, ки номаш Иброҳим ибни Наср буд, дар санаитаърихи 1038-1039 бо кумичиёну туркони ганҷина, ки дар дараҳои [[Шумон]]у [[Вашгирд]] байни Чағониёну Хутталон мезистанд, ба Вахшу Хутталон ҳуҷум бурда, онҳоро то наздикиҳои [[Хулбук]] — пойтахти Хутталон ғорат карданд. Амири Ғазнавӣ Масъуд баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд: "Буритегин баъдтар аст аз туркманон, ки фурсате ҷуст ва дартохту бештар аз Хутталон ғорат кард. Ва агар мо пасттар (дертар) расидеми, вай он навоҳи ғорат кардӣ"
 
Ҳамин тавр, ба соли 1038-1039 қисми бештари Хатлон дучори ғорат ва харобӣ гардид. Чӣ тавре, ки маъхазҳои таърихӣ дарак медиҳад, Хатлон баъд аз муддати кӯтоҳе вазъи худро ба эътидол оварда дар замони салҷуқиён сар аз итоат боз зад. Муаррихи бузурги араб Ибна-л-Асир воқеаи ҷанги байни Хатлониёну Алпарслони салҷуқиро зимни баёни ҳаводиси соли 456/1063-1064 чунин ба қалам додоааст.
{{аввали иқтибос}}''«Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ оси гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги ӯ шитофт. Чун ба Хутталон расид, дид, ки қалъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст. Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба чанг пардохт. Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯҳ (баландӣ) баромадан гирифт. Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавқеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳуҷумҳои пай дар пай пардохтанд. Соҳиби қалъа (яъне шоҳи Хутталон) дар он замон дар болои қалъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба ҷанг таҳриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас Алпарслон қалъаро фатҳ кард ва Хутталон ба ҳайати кишварҳои ӯ даромад»''{{охири иқтибос}}
 
Гуфтан мумкин аст, ки бо ин ҷанги дар санаитаърихи 456/1063-1964 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд. Баъд аз таърихи мазкур номи маркази Хатлон шахри [[Хулбук]]ро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем. Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз қалъаи Кӯлоб дар наздикиҳои [[Ҷайхун]] ёд кардаанд, ки ба гумони голиб он дар ҷои шаҳри Кӯлоби имрӯза вокеъ буд. Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар санаитаърихи 1038-1039 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчина хароб карда шудани шаҳрҳою деҳоти Хатлон табдил ёфт. Баъди хароб сохтани қалъа ҳаёт дар он мавзеъ ба кулли катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар он қо бо мурури замон деҳа ва сипас шаҳре бо номи Кӯлоб дар асрҳои XV-XVI қомат афрохт. Бо ҳамин, дигар то асри XVI оиди шаҳри Кӯлоб дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис, ки ашъори зиёдеро аз девонҳои [[Саъдӣ]], [[Амир Хусрави Деҳлавӣ]] ва Мавлоно [[Ҷалолиддини Румӣ]] аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони турки навишта — «Миръоту-л-мамолик» («Ойинаи кишварҳо») оиди Хатлону шаҳри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори ҳазрати Амири Кабир [[Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ]] маълумоти тозаи пурқимат додоааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дили яке аз мавзеъҳои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Ҳамадониро шогирдонаш дар асри XIV, бори аввал маҳз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шаҳри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машҳур набуд. Аз мавзеи Дили як нафар амирзодаи муғул — Мирзо Ҳайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Ҳайдар дар соли 912/ 1506-1507 ҳангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз ӯзбекҳо гурехтанаш аввало дар Пушинг (деҳаест маъруф то имрӯз бо ҳамин ном дар [[ноҳияи Данғара]]и [[вилояти Хатлон]]) истода, сипас аз он ҷо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт».<ref name="Таърихи Кӯлоб. Бойгонӣ">[https://kulobjonvatanam.wordpress.com/about/ Таърихи Кӯлоб. Бойгонӣ]</ref>
 
Дар ибтидои асри XVI — Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»), ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки «Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар асри XIII то асри XVI ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кӯлоб"